Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Бобои Наврўз ба андеша рафт. Ниёз аз фурсат истифода бурда дар рўзи равшан бори дигар меҳмонхонаи бойро аз назар гузаронд.
Сонӣ ба сухани бобо гўш дод:
— Кўҳистонро ба гуфтан касе намефаҳмад...
— Кўҳистонро ба гуфтан касе намефаҳмад...
— Онро дидан лозим.
— Кўҳистонро гашта, дидан лозим.
— То ба поят санг нахалад, то лағжидаю афтида роҳ нарави, то нафасат гашта, аз гашт бознамонӣ, намедонӣ, ки кўҳистон чист.
Ниёз гуфтаҳои боборо айнан тарҷума мекард ва меҳмонон тасдиқ мекарданд.
— Кўҳистониёнро низ ҳамин хел худат дида, санҷида, кӣ буданашонро нафаҳмӣ, ба гуфтан намефаҳмӣ...
— Дуруст, тамоман дуруст, – баъди тарҷумаи Ниёз тасдиқ кард Буларгин, – ё нодуруст, мўҳтарам Ҳунтер?
— Дуруст...
— Кўҳистон – сахт, одамонаш – ҷонсахт...
— Оҳ! – чизеро дарёфтагӣ барин ангушт боло карда дафтарчаашро баровард Буларгин, – Боз такрор кунед...
Ниёз такрор кард. Буларгин навишта гирифт. Вале бобо дигар ҳарф назад....
...Ягона хизмати Ниёз ҳамин буд, ки меҳмононро ба ҷумъабозор барад. Ин ҳам ба хоҳиши бобои Наврўз шуд, ки шояд бо ҳамин наберааш аз меҳмонони барои ў «ким-чӣ хел» халос шавад. Дар бозор қариб, ки меҳмонон ба Ниёз нигоҳ накарда мегаштанд.
Акнун бозори Чорраҳа ба зайли аввала камодам ва камбизоат набуд. Савдогарони Панҷакату Самарқанд матоъи доштаашонро меоварданд. Шояд бозор барои он серодам ва серхаридор бошад, ки зимистон наздик буд ва ҳар кас метавонист, мисли мўр ғами зимистонро мехўрд, ҳар кас илоҷу имкон надошт, то бозори дигар умедвор мешуд, ки нарху наво боло мегирифт ва нодор дар ҳамин «бозӣ» ҳам зиён мекашид. «Асосан бозори молу озуқа будааст»
гуфт Буларгин ва ҳамроҳи немис ў бештар сурат мегирифт. Ва онҳое ки имконашон бар охират буд ва даррасидани намози одинаро мунтазир буданд, аз суратгирии ў сар печида, сар ба дигар тараф метофтанд ва фаши дастор ба даҳон мебурданд, ки ин барои суратгир мароқангезтар буд.
— Шумо мегўед, ки барои кон кушодан одам намерасад... Ҳо, ана онҳо, ки ҷома зери каш каҷпаҳлў задаанд, чӣ амал доранд?
– ба касони ҷо-ҷо аз бозорҷо берун ба ҳар ранге истода: нишаста, дароз кашида, росто, раҳравон ишора карда пурсид Буларгин.
— Онҳо касони бекор...
— Чаро мумкин не, ки аз онҳо конков ташкил кунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор