Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳамон рўз ба шумо гуфтам, ки маблағ нест. Дар кони Ҷилав кор кардаам, медонам, ки бо коргарон чи хел муомила кардан лозим аст.
— Агар шумо маро одами худ ҳисобед, ба шумо маслиҳат медиҳам Мирзо Ниёз... Шумо касеро маҷбурӣ кор намефармоед; ихтиёрӣ ҳар кас хоҳад биёяд. Мегўед ба онҳо: аз рўи пайдо... Кон пайдо диҳад аз они шумо, надиҳад...
— Онҳое ки мебинед, дар ёна паҳлў задаанд, гуруснаанд, пеш аз ҳама шиками онҳоро сер кардан лозим.
— Мирзо Ниёз, шумо одами қаторӣ не, шумо волӣ ҳастед...
Андоз биандозед...
Ниёз як қад парида ба ў нигоҳ кард.
— Ҳа-ҳа-ҳа! Сода шумо...
Бозоракиҳое, ки ба онҳо наздиктар буданд, хандаи меҳмонро шунида ба онҳо нигаристанд.
— Ба дороён андоз биандозед... Чаро ин чизҳоро аз Ҳукумати Подшоҳӣ ёд гирифтан мумкин не? Мирзо Ниёз, ҳама чизро бояд омўхт: бадро ҳам, некро ҳам. Лекин кор фармуданаш ба ихтиёри ҳар кас...
— Яъне мо дар ин водӣ зиндагии шоҳона ҷорӣ кунем?
— Нафахмидам, – худро ба гўлӣ зад Буларгин.
— Яъне, андоз андозем, ба сарамон балвоҳо биёрем? Нодоронро қашшоқтар кунем?
— Ба нодорон чӣ кор доред? Ба дороён андоз кунед... он тарафаш сонӣ маълум мешавад.
— Масалан ҳамин гапро дар хонаи Абдуллобой мегуфтед, ў чӣ хел мешуд? Чӣ мегуфт? – қасдан ин чизро гуфт Ниёз.
— Вай ин чизро медонад...
Ниёз ба фаросату ақли худаш қоил шуд, ки ин ҷо зери коса нимкоса ҳаст.
— Рост... маслиҳат бояд кард.
— Дар ин кор таъхир набояд кард. Ҳамин рўз сар кунед. Рафтем ба назди он касони корталаб, пурсем, ки агар кор наёбанд, чӣ кор мекунанд.
— Ин ҷо кор наёбанд, ба шаҳрҳои дигар мераванд.
— Дидед, бо онҳо ин корро кардан мумкин аст...
— Дар кори хайр ҳоҷати истихора нест, – кадом мисраи шунидаи Ниёзро гуфт Надири самарқандӣ, ки аз ин хел ба гап ҳамроҳ шудани ў Ниёз ҳайрон монд ва ҷониби ў табассум кард.
— Яъне, шумо ин корро кори хайр медонед?
— Ин чизи маълум аст, Мирзо Ниёз, лекин гуфти худатон, мушкилиҳо дорад.
Маслиҳатҳо дуруст, лекин Ниёз намефаҳмад, ки барои чӣ? Ҳатто дар ин масъала касе, ки аз аввал то алвақт лаб ба сухан намекушод, ҳамроҳ шуд? «Чӣ бояд кард? Инҳо дўстанд ё душман?»

пешина
аз 279
навбатӣ