Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фақат як маслиҳати дўстонаи ман ҳамин: бо бойҳо муносибатро бад кардан оқибати хуб надорад, – Надири самарқандӣ чизеро медонистагӣ барин гуфт.
— Рост, – сар ҷунбонд Ниёз ва дар дил гуфт, ки ин чизро ҳамроҳи бобо ҳал кардан хубтар аст.
Онҳо маслиҳат карданд, бозори мол, растаи ғалладона, асбоби ҳунар, меваи хушк, қуруту равған, гўшт ва дигар чизҳоро ки ҳамаи онҳо дар зери осмони кушод буданд, давр гашта, нарху наворо дониста, ба «бозори мардикор», ки худи мардуми корталаб ташкил карда буданд, омаданд. Онҳое, ки ба умеди хидмат монда шуда, дар лаби домани ёна каҷпаҳлў мезаданд, омадани онҳоро дида ё хеста нишастанд ва ё ба по шуданд.
— Мирзо Ниёз, бипурс, ки аз дасти инҳо чӣ кор меояд? – айнакашро аз нўги биниаш бо ангушт ба чашм наздиктар бурда пурсид Буларгин.
— Меҳмон мепурсанд, ки аз дасти шумо чӣ кор меояд?
— Кори сахт...
— Ҳар коре ки аз дасти инсон меомада бошад...
— Аз дасти инсон бисёр кор меояд, – ба онҳо ҷавоб дод Ниёз.
— Масалан дар кон ангишт канда метавонанд? – пурсид Буларгин.
— Агар кони ангишт кушоем, кор карда метавонед? – андаке ифодаи Буларгинро дигар карда пурсид Ниёз.
— Метавонем, лекин метарсем, ки мисли кони Заврон балво нахезад, – ҷавони мўйлабаш майсазада, ки қади паст дошт ва танаш андаке аз дигарон сергўшттар буд, аз номи дигарон ҳарф зад. Ўро аз сабаби қадпаст буданаш Қаҳҳорча ном мебурданд.
— Балвои кони Завронро аз куҷо медонӣ, бачча? – ҳайрон шуда пурсид Ниёз.
— Ҳе, ин воқеаҳоро кӣ намедонад? Шўриши Восеи балҷувонӣ, баъд воқеаҳои шаҳрҳои шумо таълимгирифта ба ҳама маълуманд,
– гуфта Қаҳҳорча боз онхоро ҳайронтар кард.
— Ин фолбинак дорад, тақсир, – як пучуқи дигар аз адир ҷуссаашро набардошта бепарво гуфт, ки на танҳо аз суханаш, балки афташро дида хандаи кас меомад: нўги биниаш чукка, миёнааш хараки биниаш фурўрафта ва баробари он чашмонаш низ фурўрафта, пешониаш барҷаста ва манаҳаш низ ба пеш майлкарда.
— Шумо чӣ доред? – шўхиаш гирифта пурсид Ниёз.
— Ман? – каме ковок шуда пурсид ў.– Ман бинӣ, – ангушт ба хараки фурўрафтаи биниаш бурда гуфт ў. Ин рафтори ў ба Ниёз хуштар омад.
— Аз куҷо мешӣ, бачча? – пурсид Ниёз.
— Ин Қаҳҳорча ҳо? Аз Заврон мешад тақсир, бо урусҳои доно кор кардааст.

пешина
аз 279
навбатӣ