Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ин ҷавоби ў боз ба Ниёз хуштар омад ва хандаи ўро дида дигарон низ таваҷҷўҳ карданд, ки вай чӣ мегўяд.
— Номат чӣ?
— Ганӣ.
— Чӣ-чӣ?
— Ганӣ.
— Ин чӣ хел ном?
— Чӣ хел ном буданашро чӣ донам? Урусҳои завронӣ ҳамин хел мегўн.
Гўё Ниёз ҳамаро фаромўш кард ва касе ки чанд вақт боз ҷуста мегашт, хамин кас буд.
— Додою очат ҳамин хел ном монда буд?
— Волло, ки тақсир, инашро ёд надорам... Фақат медонам, ки очам маро ба пуштораи отам бор кард ва отам ба халтаи чўгӣ андохт, дигарашро ёд надорам ва баъд русҳо ба ман ном ниҳоданд:
Ганӣ... Шумо Канӣ гўед ҳам, мешавад...
— Ту-ку аз авлоди Туғрал нестӣ?
— Не, аз авлоди Рўдакӣ... Аз чашмам намебинед?
— Монанд, – Ниёз низ ҳазл кард, ки то алвақт шўхии ўро касе нашунида буд.– Яъне аз кони Заврон гурехтам бигў.
— Волло, нагурехтаам, тақсир, партофтам...
— Барои чӣ?
— Зан гирифтан лозим. Пул нест... Қаҳҳорча ба ҳамин қаду баст зан дорад, ҳаппак барин. Мо ба ҳамин афту башара – безан...
Ниёз боз хандид. Дигарон мароқ зоҳир карданд, ки чаро механдад, «баччаи аҷиб» гуфт ба онҳо ва ў аз ҷояш боло шуда ҳайрон ба вай нигарист, ки ў аз куҷо забони русиро медонад.
— Тақсир шумо ҳам маро Ганӣ мегўед?
— Не, ман туро Ғанӣ мегўям, яъне, – бой.
Писарак «пуффф» гўён хандаи сохта карда бознишаст.
— Бой, боятонро ёфтед. Худатон бой, боботон бой...
— Ҳай-ҳай, чаро аз калимаи бой метарсӣ?
— Мегўянд, ки ба наздикӣ бойҳо «ҳушт» – ба бехи гўши ў лаб бурда гуфт писарак. Сонӣ худро дур гирифта гуфт: – бовар накунед, ана фолбинаки Қаҳҳорча гўяд...
— Мирзо Ниёз, шумо бо инҳо гуфтугў кунед, мо рафта дар сояи чормағз дам мегирем, – аз сўҳбати онҳо чизе нафаҳмида дилгир шудагӣ барин гуфт Буларгин. Ва рухсати сарҷунбонии Ниёзро дида тарафи чормағзҳои қатор, ки рўзҳои тамузи тобистон сояи ҳар кадомашон растаи бозор мешуд, рафт.
Ғанӣ баробари номи Ниёзро шунидан аз ҷо хест ва ба Қаҳҳорча низ ишора кард, ки хезад:
— Шумо... шумо...– суханашро гуфта натавониста боз ба Қаҳҳорча нигарист ва аз ишораи чашмакии ў қувват гирифта ба гап даромад:– Шумо акаи Мирзониёз?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор