Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, ман акаи Мирзониёз... Лекин бигў, ки дар кони ангишти Заврон чӣ кор мекардӣ?
— Ман? – боз ба Қаҳҳорча нигарист, – ман кори бад не...
— Намегўм, ки кори бад. Чӣ кор? Ангишт мекандӣ, ангишт мекашондӣ?...
— Вай меканд, ман мекашондам, – ба Қаҳҳорча ишора кард ў.
— Баъд барои чӣ рафтед?
— Ту бисёр шўхӣ мекунӣ, лекин маънии шўхиатро намефаҳмӣ гуфта, ҳақамона надоданд.
Ниёз ба хаёл рафт. Андеша кард, ки одамони тайёр ва кори конро медонанд, лекин ба инҳо аз куҷо ҳақ додан мумкин.
— Ба шумо ҳақ надиҳанд, кор намекунед?
Ғанӣ боз ба Қаҳҳорча нигарист:
— Барои чӣ, одами нағз бошад...
— Одами нағз бошад, бой бошад?
— Не, бой бошаду одам набошад, масалан, ман кор намекунам, Қаҳҳорчаро намедонам.
— Камбағал бошаду одам бошад, ман кор мекунам, – ҷавоб дод Қаҳҳорча.
— Масалан як кас кон кушод, дар аввал конаш пул надошт.
Коргарон барои шикамашон кор мекарданд. Баъд ҳосили кон пул овард, ба коргарон пул тақсим карданд, коргарони кон қоматашонро рост карданд... Ҳамин хел ҷо мешуд, кор мекардед?
— Агар, – боз ба Қаҳҳорча нигарист Ғанӣ, – агар соҳиби кон шумо барин бошад...
— Ин хел бошад, бихезед... Ҳардуятон ё боз ҳамроҳ доред?
— Алҳол ҳардуямон.
...Бобо гумон кард, ки дунё оромӣ ёфт; Ниёз ба ҷои худ амонат не, балки мустаҳкам нишаст, мисли ҳамон уқоби дўстдоштааш, ки ҳама умр дар тоқи баланди Ховаркўҳ лона дорад ва аз чизе биму ҳаросе надорад, зеро ба он баландӣ на тир мерасад ва на кадами сайёд. Бо вуҷуди чунин ангоштанаш хотираш ҷамъ не, пайку ахбори атроф дарак аз ноҷўрии рўзгор медиҳад, минҷумла ў аз бешабонон бим дорад; бо вуҷуди Ниёзро эликбошиҳо вакил карданашон ва аз ҷониби уезди губерния таъйину тасдиқ шуданаш бешабонон ба волӣ сар намефароранд, ки танҳо ба Ҳукумати Русия итоат мекунанд. Аз ин руз онон ба ҳукумат арзу эътироз навиштаанд, ки чаро волӣ то ин дараҷа саркашу гарданшах аст, ки на танҳо андози подшоҳиро намесупорад, балки андоз аз гардани мардум бардоштааст ва ба ягон кас сар намефарорад, даста ташкил кардааст ва ба ғорату тороҷи дороён, ки ба подшоҳи аъзам болу пар ҳастанд, даст задааст... Чунин арзу шикоятҳо бозпас ба волӣ расиданд ва ў ошуфта гашт, ғазабаш аланга гирифт. Вай, ки нияти ба касе даст боло кардан надошт, намедонист, ки бо бешабонон ва «соҳиби» кўҳҳо чӣ кор кунад.

пешина
аз 279
навбатӣ