Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Бо маслиҳату машварати бобо Ниёз ҳамроҳи ёронаш ба ячейкаи онон, ки дар Дашти Қозӣ ҷой гирифта буд, рафтагор шуд, то бо онҳо гуфтушунид бикунад ва бифаҳмад, ки бо кўҳистониён ин зайл муомила кардан шоиста нест... Марди калтаи сиёҳриши чоруқи қаиши сурх дар пой се хари болоркашро пеш андохта, аз Дашти Қозӣ ҷониби Зарафшон мерафт; харҳо дутоӣ болор мекашиданд. Нўки болорҳои дароз мисли шоҳтири аробаи лаклаккарда аз болои гўши харҳо гузашта тир ба уфуқ буд ва ҳангоми кундаи вазнинашон ба кўрсангҳо бархўрда садо баровардан харҳо миён дуздонда ва гоҳи ба ҷое андармон шудан ва ё дар гардишгоҳе қад надодани болорҳо ҷонварон меистоданд... Марди калта ё болори дармондаро бардошта аз санги ғўте ҷудо мекард ва ё болорҳоро паҳлў кашида ба роҳ рост мекард. Пасон баробари «их!» гўён шиддат карданаш харҳо чаҳор пой ба замин тира карда, ба роҳ медаромаданд. Марди калта аз паси онҳо кашола мерафт, чунон кашола, ки тамоми рўз болор кашонда, шалпар гашта бошад ва ё зайле менамуд, ки дар дил аламе, иддаое дошта бошад. Харҳо, ки аз хомўшии ў истифода бурда бозистоданд, халачўб ба болор мезад, то аз нав харҳо роҳ гарданд. Ҷонварон зи нав пойҳо ба замин тира карда ва миён дуздонда, зўр мезаданд, ки болорҳои вазнинро пеш кашанд; болорҳои пўсткандаи асалранг вазнин буданд ва баъзеашон кўҳна метофтанд, ки аз зери коҳи кадом коҳдоне кашида бошанд; болори бурс буданд онҳо, ки шояд ба чунин қад кашидан ҳазор сол умр дида, сабз гашта бошанд. Ниёзу ёронаш марди калтаи болоркашро дар соҳили рости Зарафшон, дар ҳамин сойчаи Дашти Қозӣ дучор омаданд. Ў ба онҳо салом кард ва гўё ки тарафайн роҳгузар бошанд, беэътиборона роҳашонро идома доданд.
— Дар мулки шумо кўҳбону ҷангалбон нест? – инон кашида ва андаке нимрўя ба пас гашта пурсид Ниёз.
— Ҳаст! – низ нимрўя пас гашта ҷавоб дод марди калта.
— Пас ин болорҳоро кучо мебаред?
— Ба дарё меандозам.
— Ба дарё меандозед? Барои чӣ?
— Ман ба дарё меандозам, онҳо дар Самарқанд дошта мегиранд.
— Киҳо онҳо?
— Изатулин, Буларгин... магар намешиносед?
— Магар шумо аз қарорҳо воқиф нестед? – ба саволи ў ҷавоб нагуфта пурсид Ниёз.
— Ҳо, воқиф ҳастем, худамон мебарорем ун қоқҳоро, худамон мечинем андозҳоро...
— Худамон вайрон мекунем қонунҳоро, – пичингомез бурид сухани ўро Ниёз ва марди калта ҳайрон монд.– Гардонед харҳоро.
— Ман вазифадор ҳастам, ки ин чўбҳоро ба дарё андозам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор