Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Вақташ ояд, меандозед, вале ҳоло гардонед... Бисёр ҳаст аз ин чўбҳо?
Марди калта ба ў ҷавоб нагуфта, садои кашола кардани болорҳои дигар баромад ва фурсате баъд се хари болоркаш намоён шуд, ки марди зардина пеш андохта меомад. Ва ў баробари саворахои иошиносро дидан харҳоро боздошт ва пеши роҳи онҳоро гирифт. Зардина монанди марди калта бепарво набуд, балки аз чизе хавф бурда бозистод ва ҳайратзада бо эшон менигашт.
— Бисёр ҳаст аз ин болорҳо? – қасдан ба такрор пурсид Ниёз ва марди калта сўи зардина нигарист, ки ў ҷавоб медода бошад.– Шумо буридед ин болорҳоро? – ба саволи аввал ҷавоб нагирифта пурсид Ниёз.
— Не!– кўтоҳ гуфт марди калта ва боз ҷониби зардина нигарист.
— Ё болорҳои хонаковак?
Ва зардина аз саволи ў рамуз гирифт, ки паси хар гузашта болори номувозинатро каме бардошт, то росттар кунад.
— ...Калонатон кист?
— Ана вай... андозчӣ!
— Аз шунидам, хонаковакро низ ў мекунад...
— ...– ҷавоб надод ў дурудароз, ба Ниёз нигарист, ки бозпурсҳои ў чӣ маънӣ дошта бошад. Гардан фурў мекашид зардина аз чизе хавф бурда.
— Шумо мебаред болорҳоро?
— Не, Зарафшон мебарад...
Ниёз аз ҳарфи якрангаи эшон муродро пай бурд, андаке андеша кард ва ба ҳамраҳонаш нигарист, ки ин чӣ муаммост? Мардуми Кўҳистон зиндаанд ё мурда? Чаро ин нохалафҳо, қалтабонхо ба кадом савдогар хидматгорӣ мекунанд? Ва ў аз саволҳои ботинии хеш ба шўр омада ва мунтазири пурсу посух нашуда, ба мардони кор рў овард: «Ҳай кунед! Ба куҷое мебаред, бубаред!» ва ба ҳамраҳонаш ишора кард, ки бар асари эшон бираванд. Худ андаке рўи роҳ лаҷоми аспашро кашида истод ва ба андеша рафт:
«Буларгин... Буларгин. Ин ҳамон савдогар аст, ки хешро ҷуғрофу бостоншинос вонамуд мекунад...» Ў низ аспашро ҷилав зад, ки аз паи онҳо равад.
«Валасной?» – аз Раҷаб пурсид зардина. «Валасной».
«Хонем сўхт... Ман хонаи бобои Наврўзро кофтуков карда будам».
«Натарс, валасной одами бад не».
Шерак бишуд зардина аз ин ҳарф, вале пояш итоат намекард, ки ўро ба ҷои пеш бурдан пас мекашид.
Ниёзу ёронаш назди ғарами болорҳо бозистода ҳайрон монданд. Ниёз дергоҳ чизе гуфта натавонист. Ба назар болорҳоро мешумурд; дар асл чашмаш ба болорҳо буду дилаш мегирист:

пешина
аз 279
навбатӣ