Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳамин хел муҳофизат мекунед бешаи Кўҳистонро? Ҳамин зайл мекашонед захираи онро... об мебарад, дарё мебарад... корвон мебарад... ва мебаранд...»
— Гардонед сари харҳоятонро! Бозпас баред! – якбора шўрид Ниёз, вале дар асл дигар чиз гуфтанӣ буд: «Банд андозед! Ҳамчу Темурмалик банд андозед дарёро!» Ва сухани марди калта хаёли ўро бурид:
— Ин фарози якростро харҳо намебароранд...
— Пуштора карда бароред!
Авалин бор Ниёз хито гашта ба кас сахт гуфт; дар умраш чунин олуғдаву асабӣ нашуда буд: ба зайле хито шуда, ки дам карда, ҷиготаш гирифта, сафедии чашмонаш сурх гашта буд.
— Шумо муҳофизат мекунед бешаҳоро, шумо сабз мегардонед Кўҳистонро! – пичинг буд ҳарфи ў ва зардина дуртар аз харҳо меларзид, ки ин ҳарфҳо ба вай нигаронида шудаанд; Ниёз қасоси боборо мегирад аз ў.
— Чаро мундала барин шах шудӣ? Гардон сари харатро! – ба зардина буд ин хитоба ва ў як қад парида пеш омад ва ба пои аспи Ниёз часпид.
— Бад кардам, тавба кардам...
— Бад кардӣ, накардӣ, ба худат маълум, дигар ин чўбҳоро дар ҷояшон шинонда сабз карда намешавад... Арча мисли инсон як бор сабз мешавад, буридӣ, тамом... Ин гуноҳи шумо ба хун ҳам шуста намешавад...– якбора кафид Ниёзи камсухан, на танҳо чўбкашҳо, балки ёронаш ҳайрон буданд.
— Шумо беҳуда мекунед, – насиҳатомез ба сухан даромад марди калта, – Сардор ба ҳукумат арз мекунад... Вай дар Самарқанд мунтазир аст, болорҳо нараванд, кори ҳамаамон расво мешавад.
— Шумо меҳмондўст... хонаатонро рўфта баранд, даҳон кушода меистед, медонам... дасту поятонро бурранд, чашматонро кофта гиранд ҳам, лом намегўед, медонам, меҳмон – атои худо, бузургтар аз падар, мегўед; шарқиёна рафтор мекунед... Аммо падаратон насиҳат кунад, хафа мешавед, ҳамин хел як махлуқ хастед шумо...
Чанд пул мегирӣ барои ин корат? Кироя ҳастӣ ё...
Марди калта сар хам кард ва зардина беқарор буд, ки чӣ зайл худро халос кунад. Роҳи гурез нест, танаш меларзад ва ба ҳарфи Раҷаб бовар намекунад, ки Ниёз одами хуб бошад, аз ҳарфаш маълум: ўро мундала гуфт ва вақти «бад кардам» гуфта ба пои аспи ў часпиданаш пай бурд, ки Ниёз ўро пой зад – ҳамин хел ба назараш намуд ва пас-пас рафт, хатто дид, ки Ниёз ба ў эътиборе намедиҳад. «Қасос мегирад... роҳи халосӣ нест» аз дил гузаронд зардина, тафсид, сурх шуд; одати зардҳо ҳамин аст: тез дар мегиранд ва худдорӣ карда наметавонанд. «Зардро то қаҳр баромадана ҷон мебарояд» мегўянд. Зардина алам кашид, ба таври худ хулосаҳо баровард ва паҳлўи харҳои канори рахти чўбҳоро девора гирифтаро гузашта, ҷониби дарё рафт.

пешина
аз 279
навбатӣ