Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Касе ба ў эътибор намедод, гумон доштанд, ки ў сари харҳоро гардонданӣ меравад, вале зардина аз қатори харҳо гузашта, лаби об рафт, ба зону нишаст, об ба рўй пошид, даст ба дуо бардошт, хеле якмаром истод, даст ба рўй кашид ва бархеста якбора худро ба об андохт... як бор танаш намуд, як бор сараш намуд ва ғайб зад...
Ниёз пур андешид, хост баргашта, узри зардинаро қабул кунад, вале гарданаш ёрӣ надод... Баъд пушаймон шуд; вақте ки ин фоҷиаро шунид, пушаймон шуд:
— Чӣ кор кардед шумо!? – фарёд зад марди калта.
— Чӣ кор кардам? Худат бигуй, ки ман чӣ кор кардам?
— Куштед!
Инҳо дар гуфтугўй, ёрони Ниёз асп монда аз паи ғарқа шуданд ва Ниёз бо ин марди калтаи шаттоҳ сўҳбатро раво надониста, аз паи онҳо асп лаҷом зад.
— Куштед! Шумо ўро куштед! Одами ҳукуматро куштед. Ба ҳукумати подшоҳӣ ҷавоб медиҳед!
— Дамата гир-э, қалтабон! – рў ба пас гардонда гуфт Ниёз, вале марди калта нафаҳмид, ки ин ҳарф чӣ маънӣ дорад.
— Ҷавоб медиҳед, ба ҳамааш ҷавоб медиҳед! – фарёд зад ў.
Ниёз ба ў баробар нашуда аспашро дуртар ронд ва акнун ба сараш зад, ки чаро ба ин дараҷа ғазаб кард, ҳарфи нохуб гуфт ва зардинаро ба чунин ҳол афканд: «Мазмун, Кўҳистонро дигар муҳофизат карда намешавад, дарвозаҳо кушода шудаанд... Ҳукумати подшоҳӣ оташи Кўҳистонро кашиданист... Қалтабонхо зиёд шудаанд, мадад мекунанд ба онҳо... Надоред ўро, бигузоред равад! Ў Самарқанд рафтанист! Надоредаш!», сад афсўс, ки фарёди дили ўро касе нашупид. Дар ҳақиқат Ниёз гумон кард, ки зардина хешро раст...
Аммо зардинаро аз об кашола карда бароварданд, ҷуссаи беҳиссу беёди ўро лаби руд хобонда, дасту пояшро ҳаракат доданд, оби шикамашро бароварданд... нафасаш омад...
Вале Ниёз раҳми ўро нахўрд, балки нафрат кард, ба буздилии ў нафрат кард; кирдораш занона гуфта, нафрат кард; ҳамин хел ба бешабонҳо зуд сар фароварда, гуфта нафрат кард... беимон, тарсу, зудбовар, гуфта нафрат кард ва ба марди калта фармуд, ки бори харҳоро фароварда, ўро то хонааш гусел кунад...
Ниёз сардори бешабононро надида, аз ин сафар номурод баргаш та, ношод биандешид, ки сабаби чунон кардани зардина чӣ буд. Ҳарчанд миёни эшон ҳарфҳо шуд, дарёфт накарданд кӣ чӣ буд.
— Аз шумо шарм кард, Мирзониёз, – фаҳмонданӣ шуд Яъқуб ва афзуд: – Аз кирдори дар хонаи бобои Наврўз кардааш шарм дошт... баор барин...

пешина
аз 279
навбатӣ