Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Касе ёд надорад, ки дар ин деҳа ё музофот шабҳангом «салоти ҷаноза» кашида бошанд, вале имшаб ҳамин хел шуд; як садои ношинос, ки боре хам салот накашидааст, имшаб салот кашид; аз тори боми масҷид овоз баровард ва мардуми деҳро безобита кард... Дуди зиёд, ки дар фазои кушод аранге аз ранги шаб фарқ мекард, аз масҷид боло шуд ва масҷидро пўшида, дар фазои деҳа паҳн гашт. Равшание дудро боло бардошта, аввал масҷид, пас атрофашро равшан кард; пасон шунаҳи оташ ба деҳа ва адирҳои наздик паҳн шуд. Масҷид месўхт. Садои чарс-чарси ҳезумҳои хушк меомад. Забонаи оташ аз бом боло шуда, ба манораи азиме табдил ёфт... Мардум бўи дуд, оташ ва садои салот кашидани муаззини ношиносро шунида, алангаву равшании оташро дида, сўи масҷид тохтанд, онҳое тохтанд, ки ба оташкушии ғарами чўбҳои лаби рўд нарафта буданд. Хомўш кардани сўхтори лаби рўд осон буд: аз нўги болорҳои нимсўхта кашида ва ё тавассути пашангҳо болорҳоро тела дода ба об меафканданд, ки ақаллан нимсўхтааш то Самарқанд равад... Аммо фурў нишондани оташи масҷид саҳл набуд: ҳезумҳои аз халқ ситонда дар ду айвони барқади самти ғарбу ҷануб рахтзада, ҳамчунон ки ба рўяшон равған рехта бошанд, аланга гирифта, сутунҳои кунгурадор, сарсинҷҳо, равок, болору лўлавассаҳо ва ҳатто оятҳои рўи тахтаҳо канда, рангҳо, нақшҳо, бо номи устоҳои наҷҷору кандакор ва таърихи бунёди масҷид якҷоя месўхт. Ду айвони барқад қўраи оташ гашта буд. Чунон ки оташи танўр андарунаш гирд гашта, зўран аз даҳонаи он берун шавад, оташи айвонҳо бад-он сурат давр гашта, аз пардабомҳо боло мебаромад... Мардуми ба зайли тамошобин омада коре карда наметавонистанд; занон сари зону мезаданд, ки хонаи худо месўзад пирон гумон мекарданд, ки оташи масҷидсўз оташи оламсўз аст; ва кўдакон як ҷо қарор нагирифта метохтанд, фарёд мезаданд, аммо пай намебурданд, ки ин чӣ аломатест... хама якҷоя гумон доштанд, ки масҷид сўхта тамом мешавад, ба деҳа мегузарад ва ба Кўҳистон...
Сутуни миёнаи самти ҷануб сўхта афтид, боми оташгирифта фурў рафт ва миёнаи он роғ пайдо шуд, баъд пасопеш сутунҳои дигар мешикастанд ва бом фурў меғалтид, чанги хокистарро мебаровард. Пасон дарҳои масҷид оташ гирифтанд ва оташ дарун зад; чўбҳои харидаи Буларгини ба ном сайёҳу бостоншинос месўхт...
Буларгини тоҷир аз Кўҳистон на танҳо чўб, балки ҳезум ва санг мебурд ва мегўянд, ки ҳар гоҳе ки шаҳрҳои ин водӣ аз ҷангу ҷидол харобу холӣ мешуданд, Кўҳистон онро пур мекард, обод мекард...
Буларгин пай бурда буд, ки дар Самарқанду Бухоро чўб зарур аст, санг лозим аст, воситаи амад сангу чўб мекашонд, ашёи хом мекашонд, пасон ба ангишт часпиданӣ шуда ҷониби Киштўд рафта буд, вале мушкилоти роҳ ўро дудила кард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор