Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Мардум пиндоштанд, ки олам месўзад ва баробари афтидани сақфи бом, сақфи фалак низ фурў мерезад. Бомҳои айвонҳо фурў ғалтида, оташро пахш карданд, берунтар сутунҳои нимсўхтаву шикаста оташ мегирифтанд; дар гўшабомҳо нўги сарсинҷҳои хонаи масҷид, тахтаҳои ба девор кашида аз нав оташ мегирифтанд ва масҷид яклухт дуд мекард; аз равзанаву тобадонҳо, равоқу панҷараи болои дар, зеҳи синҷҳо дуд мебаромад, чунон ки андаруни масҷид кўрдуд андохта бошанд...
Тори бом бори дигар касе «салоти ҷаноза» кашид ва мардумро ба воҳима андохт: «Магар дунё охир шуда аст?.. Ин муаззини нохонда ки бошад?» Вақти салот кашидани ў халқ хомўш буд, сонӣ ғирев кард: дашномҳо доданд ўро, фуро, гуфтанд ўро, вале ў нафаромад ва касе ўро шинохт, ки фарёд зад: «Зардина, фаро!
Пои номуборакат зери хок, фаро!» Вале ў нафаромад, завҷаашро оварданд, кўдаконашро оварданд, вале ў нафаромад.
— Он осиро кордор нашавед, гуноҳашро месўзад! – садо омад.
— Чӣ гуноҳе дошт ў? – пурсид дигаре.
— Раҳгум буд ў, дўсту душманро фарқ намекард; аз дасти мардум чўбу ҳезум рабуд; аз хонаи халқ оташ бозгирифт; бурсҳои сабзи Кўҳистонро яксара буррид... савдогари гўристон! Монед бисўзад, дар оташи афрўхтааш бисўзад!
Мардум ғирев карданд, чизе шунидаву фаҳмида намешуд.
Садои аёлу фарзанди ў ба гўши Зардина намедаромад ва касе намедонист ў тори бом чӣ ҳол дорад, чӣ меандешад ва аз дилаш чӣ мегузарад... Зардина тори бом чашмҳо пўшида мунтазир аст, ки ана-ана ба домонаш оташ мерасад ва ў мисли хезуми хушк дар мегирад. Алҳол ба машоми ў бўи дуд, бўи ҳезуми бурс мезанад ва гармии зери пояшро ҳис мекунад.
Вай ҳайрон, ки чаро оташ хомўш шуд? Айвон сўхту масҷид не. Магар ў мисли Саломон бегуноҳ аст, ки дар оташ ҳам насўзад?.. Зардина рў ба қибла мисли ҳайкали нобино меистад ва ҳама кардаҳову дидаҳояшро пеши назар меовард, ки аз ин пас чизе намебинад; хаёл мекунад, ки кўр будааст, кўрона ҳама корро кардааст; дар асл гумон карда буд, ки Кўҳистонро ҳифз мекунад, сабз мегардонад, аммо вақте ки Буларгин ҳезуму чўбҳои дар масҷид ғун овардаро харид ва ба Зарафшон савор карда бурданӣ шуд, ў бедор гашт, аз хоби гарон хест, вале ҳоло ҳам сараш вазнин буд – ба фарқи неку бад намерафт... Ва вақте ки бо Ниёз вохўрд, чашмаш кушода шуд... «Беҳуда маро аз Зарафшон баровардед, азоби дубора мекашам».
Аз чаҳор ҳадди масҷид дуд фағона зад ва олам танг буд, аз дили танг ҳам тангтар. Мардум аз рўи тавон ба гўшаҳои масҷид об мепошиданд, хок мепошиданд, аммо медиданд, ки дасташон кўтаҳӣ мекунад; оташи фарши айвон ва сутунҳои нимсўхта, ки ҳоло ҳам дуд мекарданд, намегузоштанд, ки мардум пештар рафта обпошӣ кунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор