Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зардина пай бурд, ки зери пояш ларзид: ба назараш замин ҷунбид, бом ларзид... Дар гўшабомҳо аз паи дуд оташ забона зад.
Ва ў ҳамчунон ҳайкали нобино буд. Аз дарҳои масҷид забонаи оташ берун омад.
Аз тори бом маротибаи саввум «салоти ҷаноза» баромад ва пардабомҳо фурў рехта, сўхтани болорҳо аён буд. Бори саввум салот кашидан дар ягон ҷо расм нест ва ин корро касе мекунад, ки аз акл бегона шуда бошад. Мардум пай бурданд, ки Зардина акл бохтааст, аммо касе намеёрист, ки тори бом баромада ўро фарорад; аз оташ метарсид ва боз нардбони масҷидсўхта, баробари сутунҳо фурў ғалтида буд, бом роҳи баромад надошт.
Ҳайкали рўи бом хомўши хомўш буд. Ғулғулаи зери пояшро, садои шикастани чўбҳо, болорҳо, вассаҳоро мешунид ва хаёл мекард, ки ана-ана бом мешинад ва ў ба оташ не, балки ба об фурў меравад мисли чўбҳои Зарафшон бурда... Бом пасопеш фурў мерехт: аввал вассаҳо сўхта зери хок холӣ шуд, кодокҳо фурў мерафтанд ва болорҳои бараҳна месўхтанд, вале миёнаи бом якҷоя бо болору вассаҳояш фурў рафт ва ҳайкали нобино надид, ки ҷаҳаннам аст ва ё танўраи оташ... Ў низ ба сони як чўб оташ гирифт...
Вақте ки мардони оташнишони лаби рўд баргаштанд, аз миёни девораҳои масҷид дуд мебаромад; болорҳои нимсўхтаи зери хоки бом монда дуд мекарданд. Ҳоло ҳам лахчаи сутунҳо аз шаббода лух мегирифт ва тирагии шабро равшаноӣ мебахшид, вале танҳо тани сўхтаи худро равшан мекард. Масҷид хокистар шуд, деворҳои лойинаш боқӣ монданд ва гаҷи дарунаш дуда кашида буданд...
... Ширбадан писар зоид. Писарро Умар хонданд. Албатта бо салоҳдид, ризоият ва маслиҳати бобо. Вале дигар ҳама як тараф монданду сохиби писар Сабзина шуд. Ширбадан танҳо ба вай сина медод, дигар ҳама нигоҳубинро Сабзина мекард. Ин мисле ки дар афсонаҳо доя кўдакро калон мекунад. Ва чунин кор дар Кўҳистон ҳодисаи нав аст. Барои кўҳистониён фарзанд азиз, лекин ғамхорӣ кам, на ҳар падару модар аз паи нигоҳубини тифл мешавад. То аз гаҳвора баровардан ғамхорӣ зиёд, вале ҳамин ки аз гаҳвора ба роҳ даромад, ўро ба ҳоли худаш мегузоранд. Пойлучу сарлуч мегардад; шамол мезанад, фиси биниаш кашола, шаборўз месурфад; зўраш мезияд ва нозўраш мемирад. Барои ҳамин кўҳистониён, ки аз гаҳвора бо марг чанг ба чанг мешаванд, ин қадар ҷонсахт меоянд, аз мурдан ҳам наметарсанд.
Лекин барои чӣ Сабзина ин корро ба ўҳда гирифт, маълум:
аввал барои фарзанд надоштанаш, сонӣ мехост, ки Ниёзу Ширбадан аз дидори ҳамдигар сер шаванд.
Бобо низ аз ҳамаи набера ва ҳатто абераҳояш ўро бештар дўст медошт ва ба Сабзина мегуфт, ки тифлро ба дўши ў гузорад, то бобо ба кўчаҳо барад.

пешина
аз 279
навбатӣ