Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ўро пайдо кардан лозим... Ў аз ту шарм дошт.
— Ин хел ки будаст, чаро маро рафта овард?
— Ман фиристодам. Баъди омадани соил ман ўро фармудам, ки туро бозоварад... Шумо ҳоло ба қадри фарзанд намерасед, мисли Яъқуб дар фироқи Юсуф сўзед, нури чашматон об шавад, сонӣ мефаҳмед....
Фаёз чизе нагуфта сархам меистод, Гулбарг ҳайрон буд ва зиёдтар аз ў Ниёз дар шигифт аст ва худро ба тани модар чафс карданашро медонад.
— Ўро аз куҷо пайдо кардан мумкин? – пурсид Фаёз.
— Аз ягон корвонсарои Панҷакат.
— Ман ўро пайдо карда меорам, сонӣ ба ман рухсат медиҳед, ки равам.
Падар як ба ў нигарист, ба ҳукме нигарист, ки Фаёз ҳоло ҳам кўдак аст. Ў набояд аз гуфтаи падар барояд, зеро ў андеша дошт:
«Фарзанд ҳар қадар бузург шавад ҳам, дар назди падару модар тифли ширхора бувад».
Набояд аз ҳукми ў берун барояд, барои ҳамин ба ў чизе нагуфта, нигоҳ кард; медонист, ки нигоҳи ў чӣ маънӣ дорад ва бояд фаранд аз ҳар нигоҳу садои волидайн маънӣ кашида тавонад.
— Рухсат диҳам, барои чӣ рухсат диҳам? Дар Қошғар кони тилло ёфтӣ? Зану баччаат ҳамроҳат, боз барои чӣ равӣ?
— Худатон медонед...
Сабзина баъди салом баргашта ба хона даромад. Гулбарг сархам меистод, аммо ба онҳо гуфта наметавонист, ки дилаш ана-ана мекафад, ўро зудтар аз ин ҷо гусел кунанд, боду ҳавои серуни Некон ба ў намефорад...
— Ҳамаат ҳар сў – пароканда, пару бол баровардед. Яктатон намегўед, ки падар чӣ ҳол дорад. Магар маънии падарию фарзандӣ дар ҳамин аст? Мо шоҳу шоҳзода нестем, ки барои тоҷу тахт ҳамдигарро чашми дидан надошта бошем, барои зарру сим миёни мо дасисаҳо шавад, ба гуфти як кас ба пиёлаи падар заҳр андозем ва ё ҳукми пушти кўҳи Коф бурда партофтан кунем. Чашмам ба коргар мепаррад, ки алафи боғро даравад, ба ном писарҳо дорам...
Туро базўр ёфтам, боз равам, мегўӣ...
Аз ин гуфтор дили Гулбарг сих зад, ба шавҳар, ба писар нигарист, ки ўро зудтар аз ин ҷо баранд. «Мо гумон накарда будем, ки сафарамон ин қадар тўл мекашад, ба падарам зуд бармегардем, гуфта будем» сари забон овард ў, аммо гуфта натавонист. Ниёз сахт ба ў часпид, гўё пай бурд, ки модараш бемадор аст, бемуттако рост истода натавонад. Ў ба падари сархам нигарист, ба ҳарфи бобо чизе нагуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё