Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Аз чунин ранг гирифтани сўҳбат дили Фаёз низ андаке кушода шуд ва ба писараш фармуд, ки аз паи бобо берун барояд. Ниёз аввал рағбат накард, вале суханони бобо, ки «каллабур ҳаст?»
гуфт, ҳисси кунҷкобии ўро бедор кард ва ў аз паи бобо баромад.
Бобо остини яктаҳ бар зада, дар назди гўсфанди сафеди зери дарахт меистод.
...Фаёз ҳамроҳи писараш дар меҳмонхона хобид. Гулбарг назди Сабзина буд. Вале Аёз то рўз рўи ҳавлӣ гашту гашт ва вақти чойи саҳар наомад. Ниёз ҳамчун дастёр дастархон овард, чой овард, ҳамроҳи падар хўрданд, аммо аз бобову Аёз дарак набуд.
Як рўз гузашт, ду рўз гузашт, се рўз гузашт, бобо омаду Аёз на.
Фаёз тааҷҷуб кард, аз падар пурсид, аммо ў ҷавобе надода китф дарҳам кашид, худи Фаёз ба саволаш ҷавоб ёфт: ў Сабзина будани соҳибаро шинохт, дигар аз касе чизе напурсид. Бозгашт кардан хост, аммо натавонист. Ў сабаби ғайб задани Аёзро фаҳмид, лекин сабаби Қошғар рафта ҳамроҳ овардани ўро сарфаҳм намеравад:
«Наход барои ҳамин оварда бошад, то ман донам, ки занамро ба занӣ гирифтааст?» Акнун ў ба мадд кашиданҳои домулло пайхас меравад, сархам нишастани омадагонро пай мебарад, аз қисмат гурез набуданро мефаҳмад; дар бораи ҳарфу калочаҳои дуру наздикон, ки гўё Намоз ба зани ў хушдор шудааст, андеша мекунад:
«Ҳарфашон дигар буд, чаро чунин ранг гирифт? Намоз бояд зани маро мегирифт, на Аёз». Вале ҳамин вақт суханони падар дар гўшаш садо доданд: «Хафа нашав, писарам, тақдир чунин будааст…
Ту моро авф бикун, ки хабари мурдаву зиндаатро пайдо накарда, худоӣ додем». «...Ман хафа не, падар. Аз қисмат, ки гурез набошад, чӣ ҷои хафагӣ? Ҳама чиз аз рўи хости худаш будааст, пас ман чӣ илоҷ кунам? Худаш, ки моро парешон медоштааст, худаш, ки моро ин зайл масхара мекардааст, айби мо чӣ? Магар ба дарафш мушт зада шавад?» Ва Фаёз пай бурд, ки модар намерасад, ба модар рози дил гуфтан осонтар аст, ба воситаи ў баъзе ҳарфҳоро фаҳмидан имкон дорад...
— Додо, бобом омаданд, бобом! – фиғон карда омад Ниёз ва андешаи падарро пароканд.
Фаёз ба пешвози падар хест, Сабзинаву Гулбарг аз хонаи калон баромаданд, аммо Сабзина аз остона пештар наомад; ғамиву гирифта буд. Зеро аз Фаёз дилмонда буд, аммо намедонист, ки ў зинда ва рўзе бармегардад, вагарна ба Аёз расидану нарасиданашро андеша мекард... Падар ба меҳмонхона надаромад, балки худро дар офтоби тирамоҳ гарм карданӣ шуда миёни ҳавлӣ рост меистод.
— Намедонам, ки дар назди Парвардигор чӣ кўтаҳӣ кардам; аз фарзанд наосудам... Миёни шумо гапу калоча шуд, баромадию рафтӣ, шукри Худо, ки боз омадӣ, Намоз ҳоло ҳам рўи нодид...
Ту омадӣ, ана инаш ғайб зад. Агар донам, ки чӣ гуноҳ кардам, навъе карда мешустам, аммо гуноҳамро намедонам, – риши мошубиринҷашро каф зад ва сар ҷунбонд.– Намедонам, намедонам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё