Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ниёзи хурдсол ба чунин ҳолат бори аввал дучор шудааст ва намедонад, ки чӣ кор кунад; ба падар менигарад, ба падари падар менигарад, чизеро пай намебарад ва намедонад, ки онҳо барои чӣ ин зайл хомўш меистанд ва дар бораи чӣ андеша доранд.
Гумонаш, чандрўза меҳмонӣ омадаанд ва боз ба манзилашон бармегарданд, ҳар хеле бошад, ин рўзҳоро кўр кардан лозим аст; барои тасдиқи андеша ба падар менигарад, аммо ақли тифлонаи ў ба чизе намерасад, пай намебарад, ки миёни онҳо савдои ногуфтанист ва ҳеҷ кадом ба ин чиз ҷуръат надоранд; намехоҳанд, ки мадда кафонанд.
— Овард? – баробари аз дар ворид шудани Аёз пурсид падар.
— Не.
— Худат болотар рав, чаро дер кард? – гуфт падар ва ба меҳмонон низ рў овард: – Нон гиретон.
— Оббоо, мулло Фаёзе, меомадед-дия!– хомўширо шикаст ҳамсояашон Нуриддин, ки фаши салларо аз паси сар мемонд.
— Ҳа-а, – ба ҳамон оҳанге ки Нуриддин пурсида буд, ҷавоб дод Фаёз. Ва чашмони Ниёз ба ҳар даҳоне, ки садо мебаромад, дўхта мешуд ва ҳар як ҳарфу гуфтори онҳоро ба зеҳн мегирифт.
Бештар ба бобо нигарист, ки ягон чиз мегўяд; аз рўи гуфти амакаш ў бояд донад, ки ин кўҳҳоро кӣ сохтааст, аммо ў лаб ба сухан намекушояд ва Ниёз мебинад, ки чун падараш рў ба ягон ҷониб тофт ва ё сар хам кард, бобо ба ў менигарад: дуздида менигарад ва ба назар мерасад, ки дили ў ҳангоми дурудароз нигоҳ кардан гум мезанад; барои падари ў дили бобо гум мезанад.
Ҳамин чизро кўдак мушоҳида карда, ҳар бори ба сўяш омадани нигоҳи бобо чашм медуздонд, вале пай намебурд, ки ҳангоми ба дигар чиз овора будани худаш бобо чӣ хел ҳар дуи онҳоро аз назар мегузаронад ва муқоиса мекунад; дар қиёфаи онҳо монандӣ меҷўяд, гўё барои бобо муҳимтар аз ин коре набошад; донистанист, ки Ниёз аз хуни худаш аст ё... Забонаш намегардад, аз писар пурсида ҳам наметавонад: чӣ хел мепурсӣ, ки ин писар аз туст ё не? Аз ин рў ў мушоҳида мекунад, рамуз мегирад, монандӣ меҷўяд.
— Овард! – аз дар сар халонда ба падар гуфт Аёл.
— Хайрият, – гуфта падар риш каф зад ва ба ҳозирин рў овард:
– Каллабур ҳаст?
Дигарон ҳайрон шуданд, вале ў табассум кард.
Маълум, ки дар гўшаи замираш равшание пайдо шудааст, майли хушнудӣ дорад.
— Мулло Нуриддин, шумо ба ин корҳо дуруст будед-ку?
— Не, ако...
— Хайр, майлатон, аслан дасту пои шумо ҳалол ҳам нест,
– шўхӣ кард бобо ва берун баромад.

пешина
аз 279
навбатӣ