Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳа, роҳ вазнин будааст, агар шумо малол нагиред, ман каме дароз мекашам, – базўр гуфт Гулбарг.
— Бемалол-бемалол. – Соҳиба паҳлўи ў болишт гузошт. Сабзина дар меҳмонхона дастархон тахт мекард, чойнику пиёларо мешуст, аммо андешааш дигар буд: дар бораи Фаёзу зани ў, ки буд-набуд ҳама сирру савдоро ба занаш гуфтааст, ки чун занак номи ўро шунавад, кию чӣ буданаш маълум мешавад. «Номамро намегўям... Ман зани Аёз, вассалом...» Пиёла аз дасти ў парида ба остона зад ва пора шуд. «Бубахшед» бедор шудани занакро дида узр хост Сабзина ва Гулбарг гўё ҳеҷ чиз нашунида боз чашм пўшид.
Баробари бардоштани пораи аз дар дарун афтидаи пиёла сояи дигар беруни остона хам хўрда пораи дигарашро бардошт ва сонӣ онҳо чашм ба чашм шуданд, хеле ба ҳам нигоҳ карданд ва баъд мижгони ҳарду хам хўрд, ки ба ҷуз худашон касе чӣ маънӣ доштани ин нигоҳу ин мижазаниро намефаҳмид: «Қисмат ҳамин будааст».
Сабзина дастархон дароз кард. Аёз онро гирифта ба меҳмонхона бурд... Ташвиши ў, тапиданҳои дили ў аз парешониву ҳаяҷони дили Сабзина камтар набуд. Ҳар боре, ки Аёз аз дасти ў ягон чизро гирифта мерафт, бо ҳасрат ба Сабзина менигарист ва Сабзина ҳам чунин вонамуд мекард, ки онҳо кори нохуб карда бошанд.
«Акнун чӣ мешавад?» мепурсид нигоҳи Сабзина. «Намедонам»
ҷавоб медод чашмони Аёз ва ў лаълиро бардошта ба меҳмонхона мебурд. Онҳо зану шўи «дуздӣ» барин буданд, дар хонаи худ кушоду рўшод ҳарф зада наметавонистанд ва муносибату муомила кардан гўё барояшон носавоб буд. «Бародаратон дар бораи ман чизе напурсид?» «Не.» «Фаромўш кардааст?» «Инашро намедонам».
«Ҳа-а, набояд пурсад. Ў аз ин ҳавлӣ набаромада маро фаромўш карда буд».
«Инашро аз худаш мепурсӣ». «Не-е-е...» сар ҷунбонд Сабзина ва ҳамон зайл бесадо боз чашмонашон пурсу посух мекунанд: «Аз омадани ў хафа шудӣ ё шод?» «Барои ман фарқ надорад, лекин ту чӣ?» «Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам... Мо бародаронем...
Агар аз омадани ў хафа мебудам, ба суроғаш намерафтам».
«Пас ин корро махсус кардӣ?» «Махсус кардам, то ту бубинӣ, ки ў танҳо нест, зану фарзанд дорад...» Сабзина чашм аз чашми ў баргирифт ва сатил дароз кард, то рафта аз рўд об биёрад...
— Янга хобанд?
— Хобанд.
— Мон хоб раванд, сахт шалпар шуданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё