Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳамааш барои ў шинос: аз тарафи шарқии ҳавлӣ хонаҳои Аёз, дар самти шимолӣ хонаҳои Намоз, аз тарафи ҷануб хонаҳои худаш ва дар тарафи ғарбӣ охтахонаву дарвозахона, ки паҳлўяш меҳмонхона сохтаанд, аммо маълум нест, ки меҳмонхона аз они кист...
— Омин, оллоҳу акбар! – даст бардошт падар ва бори дигар онҳоро хуш омадед гуфт.
Ниёз паҳлўи модар нишаста, торафт ба ў ҷафс мешуд, ки касе ўро рамонда бошад; зиёдтар аз ў модараш худро ноҳинҷор медид ва даҳон пур карданӣ мешуд, то «дар ин манзил зане нест, ки маро назди ў баред» гўяд, аммо наметавонист, меҳмону бегона буданаш забони ўро бозмедошт. На танҳо вай, балки касе сухан гуфта наметавонист. Аёз дар берун ва чаҳор тани дигар ҳамдигарро ба куллӣ намедонистанд; ҳатто падару писар ҳам. Барои ҳамин сари риштаи суханро пайдо карда наметавонистанд. Падар аввал оҳи димоғӣ кашид, сонӣ сурфид ва як-як ҳолпурсӣ мекардагӣ барин ба онҳо чашм давонд.
— Ҳоло номатро чӣ гуфтӣ? – пурсид аз бачча. Ва ў ба ҷои ҷавоб тани худро ба модар ҷафстар кард.– А, номат чӣ?
— Гўй номата ба бобот! – рў овард Фаёз, вале писар рўяшро тамоман ба банди дили модар пахш кард. – Гўй, охир, номам Ниёз гўй!
Ва бобо ба андеша рафт: «Ниёз, Ниёз, Ниёз... Агар ин писари ў намебуд, номашро шинами номи худ намемонд». Баъд овозаю дарвоза шуд, ки Ниёз писари Фаёз не, балки думоварди занаш аст ва ин чиз андаке зеҳни боборо коҳонд – ба «набера» дилгармие надошт.
Меҳмонҳо омаданд; хабари бозгашти Аёз ва пайдо шудани Фаёзро шунида, ҳоло сўҳбат накардани падару писарро ҳам ба инобат нагирифта, мардони деҳ ба меҳмонхона даромаданд. Ин чиз имкон дод, ки зани Фаёз – Гулбаргро ба дигар хона гузаронанд.
Аёз ўро ба хонаи асосӣ бурд ва бо Сабзина шинос кард, аммо кӣ будани Сабзинаро ба Гулбарг нагуфта, сархам ба меҳмонхона баргашт. Занон пурсупосух карданд аз сиҳатии ҳамдигар ва бо ҳамин сўҳбат хотима ёфт. Гулбарг ба ҳавлии нобасомон, хонаи норўфта диққат медод. Сабзина мушоҳидаҳои ўро пай бурда «Ба хонаи норўфта меҳмон меояд, - гуфт – ман чанд рўз аст, ки дар хонаи бобом, ҳавлию хонаҳо норўфта». Аммо Гулбарг ба ин ҳарфи ў эътибор надод, балки зеҳн мемонд, ки чӣ хел ранги рўи ў канда, қиёфааш дигаргун мешавад, сари забон кунад ҳам, табассумаш зўракӣ бошад ҳам, дили ў дигар чиз мегўяд. Даступо мехўрад, ҳатто чӣ тавр пазируфтану чӣ гуфтанашро намедонад; косакуҷомонам барин. «Нотоб-ку нестед?» пурсиданӣ шуд меҳмон, вале худдорӣ кард. Соҳиба хам шуда ду-се хаси рўи намад афтодаро гирифт ва аз дар берун андохта, меҳмонро ба нишастани рўи кўрпача ишорат кард: «Дар роҳ кўфта шудед» дилсўзӣ кард Сабзина ва надонист, ки ин ҳарфро ба чӣ оҳанг гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё