Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Инашро андеша накардаам... Шумо фароғат бикунед, ман ба падар хабар мебарам.
Фаёз ҳамроҳи зану писар ба меҳмонхонаи камбизоат, ки ба ҷуз гилеми шол ва чанд кўрпачаи қуроқӣ чизи дигаре ба чашм намерасид, даромаданд. Мурод аз назди падар рафтани Аёз Сабзинаро дар он ҷо пайдо кардан буд, зеро ўро дар хона дарёфт накард, ба гумонаш, ки ў ё дар хонаи падар аст ва ё аз омад-омади Фаёз дарак ёфта аз ҳавлӣ баромада рафтааст. Ҳоло дар ин рўзгор мушкилтарин ҳолат насиби ўст; намедонад, ки ба бародар чун фаҳмонад, ва бо қисмат чӣ кор бикунад, аммо дар ин бора андеша кардан барвақт аст, аввал бояд Сабзинаро пайдо кард. Шояд худи ў ин муамморо ҳал бикунад, аҷобати кор, ки дар ҳавлӣ аз аҳлу аёли Намоз низ касе наметобад. Мабод, ки дар набудани ў миёни онҳо ҷангу ҷадал шуда аз ин ҳавлӣ баромада рафта бошанд.
Ниёз ҳеҷ намехост, ки ба меҳмонхона дарояд, ҳавои кушодро монда ба меҳмонхонаи дамкарда даромадан намехост, балки майли беруни дарвоза дошт, то бо баччаҳо ошно шуда киву чӣ будани онҳоро фаҳмад... Баччаҳои ҳайрони кўча кӣ будани онҳоро намедонистанд, вагарна кайҳо назди падар давида муждагонӣ мегирифтанд ва ҳоҷати ба он ҷо рафтани Аёз ҳам набуд... Аёз аз дарвоза баромад, аммо Ниёз рўи остонаи дарвоза рост меистод; гумон дошт, ки амакаш «биё назди бобот барам» мегўяд, аммо ў ҳарфе назада, рафт ва дер омад; Сабзинаро ҳамроҳ овард ва баъди хеле вақт падар сурфида-сурфида омад ва Фаёз тохта берун баромад, келину Ниёз ҳам. Онҳо ҳамоғўш шуданд; дергоҳ ҳамдигарро раҳо накарданд, ҳарду мегиристанд, бесадо мегиристанд; шину хези китфонашон, ларзидани баданашон ва ашки чашмонашон гувоҳ буданд. Баъди хеле вақт аз канори ҳамдигар андаке дур шуданд, аммо падар аз сарурўй ва рангу мўи писар чашм канда наметавонист; ҳайрон буд, ки ба ин бановақтӣ мўи ў нуқрагун гаштааст, вале ҳамаи инро аз ғурбат дониста сар ҷунбонд.
— Келинатон, набераатон, – зану писарашро нишон дода гуфт Фаёз ва гумон кард, ки падар ба ҷои модар ҳам ўро бўй кашид.
Падар ба саломи келин алейк гирифта аз рўи одоби худашон дасти вохўрӣ дароз накард, аммо пурсупос кард ва хуш омадед гуфт. Лекин бо Ниёз ҳамин тавр – саридастӣ вохўрдӣ кард, ки ў бисёртар чашмдор буд. Ниёз гумон дошт, ки бобо ўро ба оғўш кашида, монанди бобои қошғариаш мебўсад ва дўстдорӣ мекунад, аммо ин хел нашуд ва писар зуд назди модар омада ба ў часпид; аз омаданашон норозӣ барин.
— Ба хона дароетон, – гуфта Аёз ҷониби хона рафт.
Сабзина худро нанамуд, омаду нанамуд, даруни хона ҷунбуҷўл дошт ва ёрои бо Фаёз чашм ба чашм шудан надошт. Ба меҳмонхона даромаданд. Чун Фаёз андаке дам гирифта ба худ омад, пеш аз он ки ба меҳмонхона дарояд, аз бекасии ин ҳавлӣ ба шигифт афтода, ҳама чизро зуд аз назар гузаронд ва ба ҷуз меҳмонхона дар ин ҳавлӣ дигаргуние надид.

пешина
аз 279
навбатӣ