Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳоло назди бобот равӣ, ҳикояҳо мегўянд, он кас хубтар медонанд.
Ниёз дар пушти зини амак ҷунбида монд ва завқи кўдакона кард, ки бобои ношиносаш ўро чун пешвоз мегирифта бошад? Ба монанди бобои қошғариаш ва ё...
Бо чунин фикру андеша онҳо ба дарвозаи бағдодӣ наздик омаданд ва Аёз аспро боздошт. Модари Ниёз, ки дар даромади Некон айб аст, гуфта пиёда шуда буд, пойҳояшро базўр кашола карда меомад... Ниёз базўр аз пушти асп шорида фаромад ва дергоҳ қомат рост карда натавонист; қадам андохтанӣ мешуду мисли тифли навпо ҷуръат намекард. Баччаҳои ҳангомахоҳи деҳ гирд омада ба ҳоли писарак механдиданд ва бо ишораи даст Ниёзро нишон медоданд, аммо Ниёз, ки худро бегона медонист, ба онҳо эътибор намедод ва базўр қадам меандохт; пойҳояш сих зада, ҷунбида наметавонист, гумон мекард, ки пойҳои худаш не. Коре карда ба дарвоза наздик шуд ва ба кандакориҳои он диққат дод ва ангушт бар ҷойҳои фурўгирифтаю гулкорӣ кардаи он соида, гўё гирифтори чунин санъат шуд.
— Хоҳӣ, ба устоҳои гулдасти ин ҷо шогирд мемонам, – ба Ниёз муроҷиат кард Аёз ва Ниёз шарм карда, даст аз гулкориҳои дарвоза гирифт ва баччаҳо боз хандиданд, ки чӣ хел ин бачча ба чунин як чизи оддӣ мафтун шуд. Вале Ниёз ҳарфи амакро фаҳмида ва ё нафаҳмида сар ҷунбонда монд.
Фаёз ҳоло ин ҷойҳоро фаромўш накарда буд; аз рўи дарвоза медонист, ки ба ҳавлии падар не, балки ба ҳавлии бародар омаданд, аммо чӣ қисмат пеш омаданашро намедонист; на дар бораи Сабзина ва на дар бораи Намоз чизе намедонист: «Дар ин ҳавлӣ ҳоло киҳо зиндагӣ мекунанд?» ҳамин хел пурсиданӣ буд, лекин ибо кард, буд-набуд Аёз номи онҳоро – Сабзина ё Намозро мегирад, боз давомашро пурсидан рост меояд; лозим не....
Ва аммо касе онҳоро дар назди дарвоза пешвоз нагирифт.
Аёз худаш дарвозаро кушода аспонро лаҷом кашида даровард ва онҳоро даъват карда, даст ёзонд, то ба меҳмонхона дароянд.
Гўё дарвоза қуфл надошту дар ин ҳавлии гирдогирдаш хонаю охтахона касе зиндагӣ намекард ва ё ягон асрори дигар дорад, ки онҳоро дар кати рўи ҳавлӣ ҷой накарда ба хона мехонад. Ин ҳамон меҳмонхонае, ки Қамар чанд муддат зиндагӣ кард ва барои Фаёз ягона навигарие дар ин ҳавлӣ буд.
— Падар куҷостанд? – аз бекасии ҳавлӣ хавф бурда пурсид Фаёз.
— Дар ҳавлии худашон... Ҳозир рафта зиёрат мекунам ва мегўям, ки оянд.
— Оё хуб мешавад, ки падар ба истиқболи мо оянд?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё