Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Шумо намедонед, ки ин кўҳҳоро кӣ сохтааст?
Амак, ки чунин саволро чашм надошт, «худаш» гуфту монд, аммо Ниёз нафаҳмид, ки «худаш» кист. Ва вақте ки дар сари чашмаи Дарбанд нишастанд, Ниёз ба модараш гуфт:
— Оча-оча, медонӣ, ин кўҳҳоро кӣ сохтааст? Худаш.
Модар завқ бурд ва дарк кард, ки ин ҳарфи Аёз аст. Чӣ хел ки Ниёзи хурдсол якбора кушода шуд, гўё ҳавои форами кўҳпораҳо табъи дили ў буд ва ба дилаш фараҳ меовард...
...Валекин наздик шудани Некон табъи Аёзро хира мекард. Гўё дар ин роҳи тўлонӣ андешаи зиёд дилу ҷигари ўро хўрд, чунон ки обу бод сангро хўрад, мисли он ки тарбуз дарун хўрад, ҳар оҳи кашидаи ў ҷигар сўрох мекард ва Ниёзи хурдсол пай намебурд, ки оҳҳои ў чӣ маънӣ дорад, гумонаш ки Аёз хастаю кўфтаи роҳ гашта, нафаси осуда мегирад. «Ба падар нишон медиҳаму мегардам...
Набояд он ҷо бимонам... Ба Фаёз чӣ мегўям? Сабзинаро ба пои Намоз баста буданд; имрўз кор ба дигар ранг гирифта... Чӣ бояд кард?.. Танҳо як роҳ: сарро гирифта баромада рафтан...»
— Фаёз!
— Лаббай!
— Ин ҷойҳо дигар шудааст-а? – дигар чиз гуфт Аёз.
— Он қадар не, – бепарво гуфт Фаёз, Аёзро писханд намуд.
— Ниёз!
— Лаббай, амак!
— Ҷойҳои шумо зебост, ҷойҳои мо?
— Ҷойҳои шумо, амак, ин оби софро бинед, ранги осмон метобад...
Аёз чӣ кор кардану чӣ гуфтанро надониста, чунин саволҳо медод, то ба дари хона наздик шуданашро нафаҳмад, то ҳаяҷону тапиши дили ў ба рўяш тағйироте наорад. Ў дар Қошғар ва тамоми роҳ ҳаракат дошт, ки сухан аз Сабзина оғоз нагардад; гўё бо зуъм, хўрок нахўрданҳо ва забон зери дандон доштанаш, сўҳбати ин бобро ба миён намеовард.
«Ин дунё ин қадар васеъ, ин кўҳҳо ин қадар баланд...» хаёл мекунад Ниёз.
— Дигар фақат кўҳ ба кўҳ мегардем?
— Кўҳ ба кўҳ не, миёни кўҳҳо мегардем, – андаке гардан тофта ҷавоб дод Аёз.– Дараи Киштўд аз ҳамин ҷо сар мешавад, – инони сухан дигар карданӣ шуд амак.
— Амак-амак, чаро одамон дар даруни кўҳҳо зиндагӣ мекунанд?
— Як замонҳо омадагӣ, дигар ба ҳамвориҳо баргаштан намехоҳанд.
— Чӣ хел? – аз сари гардани амак пеш ёзида пурсид Ниёз.
— Ин ҳатто аз замонҳои Искандару ҳуҷуми арабҳо ҳам пештар; гўянд, ки аввал як бор аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ тарсида халқҳо дар кўҳу камар ҷогир шудаанд, бори дигар вақти ҳуҷуми арабҳо, аммо ривоят мекунанд, ки одам аввал ваҳшӣ буд, дар ҷангалу кўҳҳо зиндагӣ мекард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё