Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дастаи Сарахон аз назарҳо ғоиб шуд, танҳо ғубори аз зери суми аспон ба осмон хеста дар фазо сайр мекард. Онҳо аз миёни найзор ба сари роҳ баромада, хеле истоданд ва он ду мард роҳро миёнбур карда ҷониби офтобнишин рў оварданд, вале аз роҳашон гашта, ба мусофирон маслиҳат доданд: «Агар Самарқанд рафтанӣ бошед, ба ин роҳ биёед... Ба умеди кўҳ нашавед, ағбаро барф гирифт. Аввал ба ҳамвории Вахш фаромада, сонӣ роҳи Бойсунро пайдо кардан лозим аст... Роҳатон дур, азоб мекашед. Худо гўед, ки ба дасти лашкари амир наафтед...» ва боз ба роҳашон равон шуданд.
— Танҳо бо роҳи рост рафтан лозим, ки моро дузду роҳзан гумон накунанд, – маслиҳат барин гуфт Аёз.
— Ба дасти сарбозони Амир Музаффар афтем, халосӣ нест.
— Амир Музаффар ин ҷо чӣ кор мекунад? – ҳайрон шуда пурсид Фаёз.
— Амири Бухор аз лашкари Ҳукумати подшоҳӣ шикаст хўрд, сулҳ талабид ва товони зиёде дод, акнун қусурашро аз ин мулк бароварданист – алами Эсо аз Мўсо ситонданист.
— Агар шумо раведу мо баргардем, чӣ мешавад? – пурсид Фаёз, вале бародар ба ў чизе ҷавоб надода хомўш мерафт ва баъди хеле роҳ рафтан Ниёз аз чунин ҳол чӣ маънӣ кашид, ки ба сухан даромад: – Шумо ҳамроҳи очам гардед, ман ҳамроҳи амакам меравам.
Аз ин ҳарф Аёз шод шуд, табассум кард; дар муддати сафар ў аввалин бор табассум кард. Аммо модар якрўя гашта ба Ниёз зеҳн монд, то ў чӣ гўяд. «Гармии танро ҳис кардӣ, додарзода, барои ҳамин бо амакам меравам, мегўӣ, – дар дил гуфт Аёз ва муҳокимаашро давом дод: – Аз ду хатар гузаштем; аз ду гирдбоди бало халос хўрдем... Оқибаташ ба хайр шавад...» Боз аз пеш гирдбод бархост ва дар дили онҳо воҳима андохт, вале вай ҷувозак гашта, гирдубод карда, на бо роҳи рост рафт, балки адирро рост шуда хасу хошок ва хазони сари роҳашро печондаю бардошта, ба ҷари баланд бархўрда нопадид гашт, ин гирдбоди ҳақиқӣ буд. Ниёз аз думболи гирдбод чашм давонд ва якбора нопадид гашта, мисли тарбузи басангзада пош хўрдани он кўдакро ҳайрон кард ва акнун ў раҳораҳ ба кўҳҳо менигарист, аз қабатҳои рангаи кўҳҳои Бойсун, мисли миёнбанд танидани арчаҳои қатор, шебу фарозҳо, хамгашту сойчаҳо ва ҷо-ҷо пеш омадани чашмаҳо ўро мафтун карда буданд ва ў боз ҳайрон буд, ки ҳамаи ин чӣ гуна ба ин сурат ба тартиб омадааст, кӣ сохта бошад ҳамаи инро? Вале ў дар ин хусус савол накард, буд-набуд, онҳо ҳам намедонанд, ки ин кори кист?
Ин корро бо қувваи бозу карда нашавад, вале ба дигар чиз ҳам ақлаш намерасад; ҳоло қуввати табиатро намедонад ва дарк ҳам намекунад, ки ҳама чиз аз фишор пасту баланд шавад.
— Амак, амак!
— Ҷони амак!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё