Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Амак, вай чист, ки мисли дарахти азим ба осмон рост шудааст? – пурсид Ниёз сар аз болои китфи амак рост карда ва ба пеш нигариста.
— Дуррр! Фаёз аспатонро боздоред! Истед! – бо изтироб гуфт Аёз.
— Чӣ шудааст? – сар ба пас тофта пурсид Фаёз.
— Бало! – ба пеш даст ёзида гуфт Аёз.– Гирдбоди бало. Вақти ба Қошғар сафар кардан чунин бало бархоста буд, мо дар найзор пинҳон шуда ҷон ба саломат бурдем...
Ва ҳоло онҳо чунин карданд: аз аспҳо фаромада даруни найзор шуданд ва гирдбоди бало бо хокароҳ гузашта, гарди замин ба осмон хезонда, баракси балои онрўза на ба ҷониби Ҳисор, балки ба ҷануб мерафт; ягон савори даступобаста надошт ва тўда кўчманчиро мемонд. Тез мерафтанд, ки аз пасашон таъқиб мекарда бошанд...
Ва ҳамин вақт аз миёни найзор садои ба ҳам расидани найҳои дароз баромад, ки касе ё чизе базўрӣ миёни онро чок карда меомад.
«Меравем» гуфт Аёз хавф бурда, аммо вақти гурез намонда буд; найҳои паҳлўи онҳо ҷунбида садо медод. Вале ду тан баробари найҳои охиринро кушода, ду аспу чаҳор танро дидан шах шуданд; на пас гаштанро медонистанд ва на пеш омаданро.
— Кистед шумо? – фурсатро ғанимат дониста пурсид Аёз.
— Шумо кистед? – ба ҷои ҷавоб низ савол кард марди қадпасти ришкалон, ки аз чашмаш оташ меборид ва дигаре аз болои китфи ў дуздида ба чаҳор тан менигарист.
— Мо мусофирем, – посух дод Аёз ва паҳлўи асп гузашт, то матлабро ба онҳо фаҳмонад, – Аз Қошғар меоем, сўи Панҷрўд меравем. Аз он бало тарсида ин ҷо паноҳ бурдем... Чанде пеш ҳам чунин талотум шуда буд, ҳамин зайл мо миёни найзор паноҳ ёфта будем...
— Чанд муддат аст, ки ин сарзамин – сарзамини Хатлону Балҷувон оромиро намедонад: бекҳои маҳаллӣ метозанд, лашкари амир метозад, мардум ба танг омада, ҳар кас дар ҳар куҷо ҷон ба саломат мебарад.
Рўзе, ки шумо чунин балоро дида будед, беки Ҳисор Абдукарим-додхоҳро баста назди амири Бухор мебурданд; ин корро беки Балҷувон барои худро ба амир ширин кардан ба ҷо оварда буд ва имрўз беки Балҷувон Сарахон хабари қатли Абдукаримдодхоҳро шунида фирор овардааст, ки рўзи беки Ҳисор ба сараш наафтад. Ана он гирдоби балоро Сарахон ба миён овардааст ва рў ба ҷониби Афғонистон дорад.
— Шумо чаро паноҳ меҷўед? – пурсид Аёз ва Ниёзи хурдсол, ки ҳамаро бо диққат гўш медод.
— Мо ҳамроҳи Сарахон рафтанӣ нестем...

пешина
аз 279
навбатӣ