Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин қадар маълум, ки ў зуд рўй гардонд; ба назари Аёз ашки чашмонашро нишон додан намехост. Ў кўрпаҳои болои кат партофтаро ғундошта хона бурд ва дастархон овард. Вале Аёз лозим намедонист, шаб кўфти роҳ гуфта ҳеҷ чиз нахўрд, ҳоло чӣ гўяд, намедонад.
Барои ў дар лаби ҳамин ҷўй, рўи хок нишастан хубтар тобад, нисбат бар он ки сари хон нишаста чизе нахўрад.
— Хезед, ако. Ҳозир падар меоянд...
Ба чӣ маънӣ ин хел гуфт, Аёз нафаҳмид: «омадану наомадани ў чӣ аҳамият дорад?» Ҳаминро донистан мехост Аёз, аммо пурсида натавонист.
— Агар шумо ба дидори падар пазмон шуда бошед, аз падарарўс рухсат гирифтан лозим аст? – пурсид Аёз.
— Бале, аз падар рухсат гирифтан шарт аст, – гўё ҳарфи Аёзро ислоҳ карда гуфт ў, вале аз Некон аз падар рухсат нагирифта, беному нишон ғайб зада буд.
— Хезед-хезед, чой хунук мешавад.
Чойи чойники аввалро хўрданд, боз чой овард, чой хунук шуд, аммо падар наомад. Қамар ҳам дер омад, вале он рўҳияе, ки пештар дошт, дар симои ў пайдо набуд, лекин сохтакорӣ мекард, то меҳмон наранҷад.
— Падар наомаданд? – қасдан пурсид Аёз.
— Шаб аз ин ҷо рафта андаке нотоб шудаанд.
— Э-э-э! – садо кард Аёз батаассуф, ки кори нохуб шуда бошад.
– Меомаданд, хуб мешуд, фотиҳаи роҳ мегирифтем.
— Азми бозгашт доред?.. Ҳоло барвақт аст. Каме дар ин гармиҳо гардед, пазед, сонӣ меравед.
— Не, Қамар, одами хомро дар танўри тафсон андозанд ҳам, намепазад, – ҳарфи ўро фаҳмида ва ё нафаҳмида ҷавоб дод Аёз ва онҳо хандиданд. — Хайр, вақти бозгашт фотиҳа мегирем.
— Меоянд, падар албатта меоянд, – изҳор кард Фаёз.
Ва он рўз падар наомад. Рўзи дигар Қамар меҳмонро ба хонааш хонд, падарро дар он ҷо – дар хонаи худаш диданд. Чеҳрааш гирифта буд, гўё тарбод дошту аз ҳавои нобоб азоби тан мекашид, акнун абрўвони ў морро мемонд, ки аз миёни пешониаш ба ду тараф морпеч ёзида бошад. «Фаёз, духтари ҳамин одамро нағз дида гирифтӣ ва ё маҷбур шудӣ?» пурсиданӣ шуд Аёз, аммо маврид надошт. Беҳтараш, ки ў хомўш бошад; дар ин бора ҳарфе нагўяд, аз рафтораш маълум, ки зиндагиаш хуб ва ба худаш маъқул. Назари аввал фиребо шуданаш мумкин.
Ҳаво гарм, пашша бисёр. Назар ба ҳавлии Фаёз ин ҷо серпашша аст, рўи дастархон виғ мегўяд, ҳарчанд шохча меафшонанд, ҳулбў мепартоянд, кам намешавад, чун ҳулбўро кафмол карда рўи дастархон гузоранд, то бўи он рафтан андаке кам шаванду боз дар ҷойҳои ҳулбў набуда, шинухез кунанд; чунон бад, ки касро мехўрда бошанд.

пешина
аз 279
навбатӣ