Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Падарам намеоянд? – аз Қамар пурсид Фаёз ва Аёз фаҳмид, ки ў падари занашро дар назар дорад.
— Меоянд, – гуфт Қамар барои дилдорӣ ва даст болои табақ бурда, дигаронро низ марҳабо хонд. Аёз аз нўги қабурғаи шикаста дошта каме пеш кашид ва ба лаби табақ бозгузошт, то хунук шавад ва чойи дар пиёла хунукшударо ошомид, ки ҳалкаш тар гардад.
— Нотоб барин метобед, ако, – ўро аз ҳолат бароварданӣ шуда гуфт Фаёз.
— Ҳамин хел барин, – пиёларо ба Қамар дароз карда гуфт Аёз.
— Боз аз гирдбоди Сарахон натарсида бошед? – ишора ба воқеаи роҳ кард Камар.
— Натарсидаам... Боз кӣ медонад? – ишора мекард ў, то баҳона карда рўғанӣ нахўрад.
— Чаро намехўред, ако?
— Рўғанӣ нахўрам, мегўям...
Ў аз ин ҳарф баҳона ёфт ва буридаи дар лаби табақ гузоштаашро ҳам нахўрд ва мисли он ки ба дарде гирифтор шуда бошад, акнун бўи гўштбирён ҳам нафорид; ҳамин тавр вонамуд мекард ва худро аз дастархон дур кашиданӣ шуд, вале дар асл аз ҳавлӣ баромада рафтанӣ буд. Гўё бародарро дид, ба зинда буданаш имон овард, акнун равад ҳам, мешавад, вале ҳоло ҳам сабаби қаландар шуда ба Некон рафтани Қамарро намефаҳмад. «Агар барои нишон додани аҳволи бародар бошад, лозим набуд» аз дил гузаронд ў ва гардан тофта ба ҳавливу ҳарам нигарист: «Ўро биё гўям ҳам, барои ҳавливу манзил шуда, аз ин ҷо дил намеканад». Он шаб ў дандон ба дандон монда фаро расидани рўзро нигарон шуд ва гунҷишкон садо накарда хест ва дар оби равони ҷўй дастурўй шуста, бо фўта пок кард, андаке аз таровати об фараҳ ёфта баҳузур рўи хок нишаст ва хестани Фаёзро мунтазир шуд...
— Ман бармегардам, Фаёз... Шумо ҳам бояд як рафта падарро бинед, – баъди дастурўйро шуста рў ба рўи ў лаби об сари по нишастан гуфт Аёз.
— Нотинҷӣ аст? – парешон шуд Фаёз.
— Ҳама тинҷӣ, падар шуморо ёд кардаанд... Мисли Яъқуб дар фироқи Юсуф месўзанд...
Фаёз сар хам карда ба андеша рафт, аммо ҳеҷ чиз нагуфт. Шояд андеша дошт, ки дар ин «бозӣ» падари ў гуноҳе надошт ва ҳатто аз ғайб задани ў бехабар буд ва пурсуҷў карда наёфт, вале бехабар аст, ки падар оши соли ўро дода, дар мотам нишастааст.
— Дараки шуморо ёфта, омаданӣ шуданд, лекин ман ваъда додам, ки аз нури дидоратон чашмони хирагаштаи падарро равшан кунам...
Фаёз бархест. Вале Аёз чизе нафаҳмид. Нафаҳмид, ки ў тоқати шунидани чунин ҳарфро надошт ва ё худдорӣ карда натавониста хест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё