Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хиҷолат кашид, ки бародараш чӣ гумон кунад? Шояд бародарам дар хориву зориҳо умр ба сар мебарад, гўяд....
— Нон гиред, ако!
Аз чунин марҳамати Фаёз бародар як қад парид, ки баробари ў дар банди андеша бошад. Баъд ў шикастадил ба Фаёз нигарист:
«Умрат ҳамин хел мегузарад?»
Бародараш табассум кард, ё муғамбирӣ мекунад ва ё маънии нигоҳи ўро нафаҳмид.
— Аёз, хаста шудед-а? – рамуз гирифта гуфт Қамар.
— Не-е... Ҳамаатонро ғам додам.
— Чӣ хел ғам? Дароз кашед, ба болиш такя занед, ин роҳи дароз касро аз ҳаллоҷӣ мегузаронад.
Аммо Аёз такя назад, дароз накашид, балки ғамӣ шуд, чунон ғамӣ, ки тамоми ғами пешина, ки дар ҳаққи худашу Сабзинаву Фаёз дошт, фаромўш гашт. Дар ҳақиқат аз рўи гуфтаи Қамар ў гумон карда буд, ки бародараш шоҳона зиндагӣ мекунад, аммо ҳамин ки чунин ҳол дид, аз омаданаш пушаймон шуд. Ў оҳиста баргашта ба бародараш нигарист, лекин дар ў ҳеҷ аломати ноҷо надид, чунон намуд, ки аз зиндагиаш сади дар сад розист... Ва ё... Ҳа, ҳамаи ин чизро медонаду дар назди бародари меҳмонаш сипоҳӣ мекунад ва ё маҳз барои он аст, ки ломакон гашта, дар ин ҷо барои худ пуштибон пайдо кардааст.
— Чой гиред, ако! – ба пиёла пушти нохун зада сўи Аёз дароз кард ў.
Аёз пиёларо гирифта чунон ки пирамард пиёлаи чойро лаби дастархон монда, нанўшида хест, лаби дастархон гузошт; аз гармии пиёла буд ва ё аз хиҷолат, арақ баровард. Фаёз ин ҳама ҳолатро медид, ноғунҷонии ўро пай мебурд, аммо чизе намегуфт.
— Ҳавои ин ҷо ба шумо гармӣ мекардагӣ барин-а? — Ўро аз вазъият бароварданӣ шуд Фаёз.
— Дар ҳақиқат гарм будааст, – сабаби ноҳинҷориву арақ карданашро аз ҳавои гарм вонамуд карданӣ шуда гуфт Аёз.– Дараи Некон набошад, ки худата дар об зада гирӣ..
— Ҳа-а-а! – оҳи бадард барин садо баровард ў, ки маъниаш «Некон киро хубу киро бад» буд.
Аёз ба чӣ ишора кардани Фаёзро мефаҳмид, аммо дам ба дарун дошт, ки ў ҳоло бисёр чизҳои навро намедонад. Ҳамин лаҳза Аёз гиристан хост, лекин ҳоло ҷояш ва мавридаш набуд. Базўр як чизи дар гулў омадаро қурт бурд, вале андаке нами даҳон аз гулўяш фурў рафту он чиз ғамбода барин дар гулўяш монд.
— Ниёз! – садои зани Фаёз омад аз ошхона, ки писарашро ном гирифта шавҳарашро ҷеғ мезад. Ва Фаёз баробари шунидани овоз пояш ба замин нарасида, давида рафт ва аз он ҷониб табақи гўштбирёнро бардошта овард.

пешина
аз 279
навбатӣ