Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман роҳро ҳам ёд надорам, ако. Ҳамроҳи корвонакиҳо омада будам.
Ва боз омадани Қамар сўҳбатро қатъ кард. Ў сару тан шуста, тоза шуда ва сару либоси тоза пўшида омад, аммо ришаш ҳамон риш буд: тор-тори бузриш. Фурсати назди усто рафтан накардааст. Аёз акнун ба ў дурусттар диққат дод ва пай бурд, ки ба зани бародараш монандӣ монанд, аммо Қамар дар ҷомаи қаландарӣ дигар кас асту ҳоло дигар кас тобад.
«Мўйсафед ҳам меоянд» падарро дар назар дошта гуфт Қамар...
Ва марди нуронии муғулчашми камриш бар сар латтакулоҳи қаландарона дошт, ки сурфида аз дарвоза ворид шуд. Писарон бархеста аз тахтакат зер шуданд, Аёз низ ончунон кард. Пирамард ба саломи онҳо алейк гирифт ва бо Аёз оғўшкаш вохўрд, ки шиноси дедина бошад. Баъд ба кат баромад, даст ба дуо бардошт, сонӣ аз Аёз ҳолу аҳвол пурсид, ки бародараш напурсида буд. Тамкин, сухангўӣ ва нишасту рафтораш ба падари ў мемонад, аммо як салобати давлатмандӣ дар андоми ў ҳувайдост, ки дар падари ў нест, балки чизе, ки дар падари ў вуҷуд дорад, дар ин пирамард нест: фазилат...
— Боду ҳаво, нарху наво? – пурсид пирамард.
— Боду ҳаво андаке фарқ дорад аз боду ҳавои ҷои шумо, аммо нарху наворо намедонам... Ба ҳар ҳол хуб нест, зеро амири Бухор дар ҳама ҷо даст ёзидааст ва ҷои пояш расида хушкӣ орад.
«Ҳумм» комию димоғӣ садо баровард пирамард ба таври худ чизеро тасдиқ карда ва ё ба нарху наворо надонистани Аёз писханд зада. Ў пиёлаи чойро аз дасти Қамар гирифта рўи дастархон гузошт ва андаке вазн бар пойҳои чорзону задааш андохта, як газ нонро байни панҷаҳо лат дода, ба андеша рафт, то диққати ҳамаро бо чунин рафтор ҷалб кунад. Писару домод, ки одати мутакаббирии ўро медонистанд ва бо ҳар кас гуфта шунидан аз хислатҳои ў набуд, хомўш меистоданд, то ў чӣ гўяд, аммо ў ҳоло ҳам сари панҷа нонро лат медод ва ба назар мерасид, ки ҳар бори ангушт ҷафидан хаёле меҷунбад. «Ҳумм» боз садо баровард ў ва нони сари ангуштонаш лат додаро рўи дастархон гузошт, чояш низ хунук шуд. Гумон мерафт, ки ў аз чизе ранҷида, вагарна барои эҳтироми меҳмон ва бозгашти писар мебоист гуфтаву шунида шодмонӣ мекард. Вале ў хомўш буд; танҳо як бор ҷониби Аёз нигаристу нарху наво пурсид ва дигар қаҳрӣ шудагӣ барин аз ў рў тофт. Чунин ҳолати ўро Қамар фаҳмида сурфид, то падараш ба худ ояд, аммо вай теғ кашида ба писар нигарист ва «омин!» гўён даст бар рўй кашида хест. «Падар намози пешин мехонанд» гуфт Қамар дигаронро аз хиҷолат бароварданӣ шуда, лекин Фаёз аз рафтори ў чизеро пай бурд; пай бурд, ки Аёз ба ў маъқул нашуд.
Ў, ки хўю атвори онҳоро хуб медонист, яқин кард, ки бой омадани Аёзро нонхўри зиёдатӣ донад ва ё аз гадоён пиндорад. Хиҷолат кашид ў.

пешина
аз 279
навбатӣ