Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Не-не, сиҳату саломат! – ташвиши Фаёзро дида пешсухан шуд Қамар, – падари аҷиб доштаед, язна.
— Ман як умр дар назди ту қарздор мемонам, Қамар. Ин хел хизматро фарзанди падар ҳам намекунад.
— Чӣ хизмат кардем, язна? Кўҳ гардондем? – хоксорӣ кард Қамар.
— Кўҳ талқон кардию худат намефаҳмӣ, Қамар. Ха-айр, дар амон бошем, қаврунашро мегардонем; худам натавонам, ба фарзандҳо мегўям, ки гардонанд...– гуфт ў ва хеле хомўш истод ва касе нафаҳмид, ки сабаби хомўшии ў чист. Шояд аз «фарзандҳо»
гуфтанаш бошад ва ё қиссаҳои зодгоҳашро ёд оварда бошад; воқеаҳои аз ёд рафтаро. Ва ҳамин вақт писарбаччаи ҳафт-ҳаштсолае бозикунон аз берун омад ва Фаёз ба ў рў овард: – Ниёз! Амакашу тағош омадаанд.
Ниёзи хурдсол миёни ҳавлӣ бозистода, тағояш Қамарро шинохт, аммо амакашро на. Ў гумон кард, ки падар дар омади сухан «амак» мегўяд, карахт истода, нўги нохуни нарангушт хойид ва баъди хеле вақт салом карда ба тағо наздик омад, худро дар оғўши ў дод, аммо аз амаки мисли қаландарон ришаш расида кебида даст дароз кард. Амак ўро пеш кашида бўсиданӣ шуд, аммо ў гириста худро пас кашид.
— Натарс, Ниёз, амакаш, амаки худи худаш.
Вале ў гурехт. Падар аз пасаш фарёд кард, ки рафта модарашро аз хонаи бобош гирифта орад. Ниёз аз дами дарвоза баргашта ба онҳо боз нигарист ва дартоз бадар рафт. Фурсати зиёде нагузашта Ниёз бо модараш баргашта омад. Салом дод занак, бародараш Қамарро бўсид ва шукргузорӣ кард, ки саломат баргаштааст.
Аёз ба пешвози занак хест ва бо ў ҳолпурсӣ кард. Аммо занак бегонавор бо ў салом карду ба хона даромад. Ва Қамар ба Фаёз гуфт, ки як сари қадам ба хона рафта хабар гирад ва ҳам сару либос бадал кунад, ки қаландарӣ ба дилаш задааст... Ў рафт, вале ба зудӣ барнагашт. Мазмун, бародаронро танҳо гузошт, ки гуфта шунаванд. Аммо бародарон ҳарфи гуфтанӣ надоштагӣ барин сукут доштанд ва ё чунон буд, ки Аёз аз кадом нохушие хабар оварда бошад; ё шояд барои он чизе намегуфтанд, ки соҳиба – занаки зулфдори гандумгуни чеҳракушод зуд-зуд даробаро мекард, дастархон ва ину он меовард. Ҳарду дар дил сухан аз хусуси Сабзина мегуфтанд ва Аёз дар ин лаҳза аз омаданаш пушаймон шуд. «Чӣ хел ба ў гўям, ки занатро ман гирифтам?».
— Ба нон марҳамат кунед, ако! – хаёли ўро парешон кард Фаёз.
Ва Аёз даст ёзонда, нон гирифта, андаке аз лаби бурида шикаста, ба даҳон андохт, вале хойиданашро фаромўш кард.– Шумо хуб монда шудагӣ барин. Раҳи дурудароз.
— Роҳи худатон дидагӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё