Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳоло дур аст?
— Не... Мо роҳро гум кардагӣ барин.
— Чўпон сўи офтоббаро гуфт-ку?
Офтоб, ки ниҳоят тафсонда, оби бадани аспонро бароварда буд, гўши онҳоро низ афтонд, сарашон хам шуд, чунон ки рўзи ба Некон омаданаш аспи соил ба ин аҳвол буд ва ба беда нигоҳ намекард. Тани онҳо чунон сўхта, ки даст бар сағриву думғозаашон расонда намешуд. Ҳар қадар ҷанубтар раванд, ҳамон қадар ба гармо дучор меомаданд. Соил ба ин чиз тоб меовард, аммо Аёз, ки аз деҳаи хушҳавои Некон берун нарафтааст, ба чунин ҳавои тамуз тоқат намекард...
Дар лаби рўди сардоб аспҳоро дам доданд ва дар сояи бодоми талхак хоб карданд, то гашти рўз ба сафар баромада, шабонгаҳ роҳашонро давом диҳанд.
— Аёз, як чиз намегўед, ки роҳ кўтоҳ шавад.
— Табиатам ҳамин хел, чизи медонистагиамро ҳам гуфта наметавонам. Шумо гўед.
— Ман ҳам шумо барин… Ман ба Фаёз додарарўс мешавам, номам Қамар, падарам одами доро буд, барои ҳамин апаамро ба марди давлатманд дод. Ў мурд, хоҳарам ба хизматгораш Фаёз расид, зиндагиашон қанду асал барин... Равем, мебинед...
— Ассалому алайкум, язна! – ба марди раҳгузар садо дардод Қамар. Мард ба овози ў рў гардонд ва алейк гирифта, қадам аз рафтор боздошт. Қамар аз асп фаромад. Аёз низ фаромад ва ба Қамар нигарист, ки ин мард бародараш аст ё каси дигар.
— Омадӣ, Қамар? – оғўш кушода пеш омад он мард ва Аёз ўро шинохта, ҳамоғўш шуданд ва Аёз гирист.
— Ман бояд бигирям, шумо чаро мегиред? – буни гўши Аёз гуфт Фаёз.– Ман дар ғурбат хорӣ кашидам, шумо осуда...
Аёз аз гиря бознамеистод ва суханони бародарро талху пичинг мепиндошт ва дар дил мегуфт: «хории ман дар пеш аст». Ў зани бародар ба занӣ гирифтанашро дар назар дошт.
— Ҳама сиҳат-саломатанд?
— Ҳа, – сар ҷунбонд Аёз.
Фаёз ҷилави аспи бародар гирифт ва сўи хонааш равон шуд.
Аз рўи гуфтаи Қамар Аёз медонист, ки бародараш хуб зиндагӣ мекунад, аммо гумон накарда буд чунин ҳавлию ҳарам дорад; ҳавлии барҳавои сердору дарахт, ки аз миёнааш ҷўйчаи об мегузашт, ба Аёз хуш омад, аммо сирр бой надод, бародараш дастмол овард, то онҳо дар ҷўйча сару рўй шуста гарди роҳ аз мижгон дур кунанд ва каме нафаси осуда кашанд.
Сонӣ рўи кати зери дарахти тут нишонд ва фақат «падар чӣ ҳол доранд?» пурсон шуд. «Нағз, салому паёми зиёде гуфтанд»
ҷавоб дод ва ашк рехт.
— Чӣ, магар?...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё