Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ассалому алайкум! – одоб карданд саворон. Чўпон ҳамзабон будани саворагонро фаҳмид, аммо алейк нагирифт, ҳайратзада ва гаранг ба рўи эшон нигарон меистод.
— Монда набошед, чўпон! – боз гуфт соил.
Чўпон ба ҷои ҷавоб сар ҷунбонд ва манаҳ аз рўи дасту асо бардошта пурсид:
— Кистед?
— Соилу дарвешем, – барои шубҳаи чўпонро кам кардан аз асп фаромада гуфт соил. Аёз низ фаромад.
— Бахтатон тофтааст... Чӣ хел аз он бало халос хўрда омадед?
— Мо балоро надидаем, дар роҳ як чангу ғубор бархост, мо миёни найзор руст шудем...
Чўпон гўё баробари онҳо ин қадар роҳро пиёда паймуда бошад, рўи роҳ фурў нишаст ва як нафаси дароз баровард:
— Чӣ кардаатон радди бало шудааст, вагарна фармони бек чунин, ки каси пешомадаро сар гиранд. Гўё як навъ баҳс бо амири Бухоро, ки чанде пеш дар Ҳисор қатли ом эълон карда буд; ва ҳамон вақт касоне, ки аз дасти сарбозони амир ҷон ба саломат бурда буданд, ҷониби Қаротегину Дарвозу Кўлоб фирор карданд.
Беки Ҳисор Абдукарим-додхоҳ Кўлобро паноҳгоҳ ихтиёр кард, аммо беки он ҷо Сарахон барои худро ба амир хуб нишон додан ва барои тамаъ Абдукарим-додхоҳро баста ба ў пешкаш кард, агар бандии даступобастаи миёни он тўдаи пурмағалро дида бошед, Абдукарим-додҳоҳаш ҳамон... Алҳол ҳамин хел кор шуд, лекин оқибаташро худо ба хайр кунад.
— Мукофот мегирад, – бепарво гуфт Соил.
— Ҳамин хел, ҷав корӣ, ҷав даравӣ, гўянд, – изҳор кард чўпон.
– Агар ба чўпонхонаи мо марҳамат мекардед, хуб мешуд.
— Шод бошед, бародар, аммо роҳамон дур... Тезтар аз ин роҳҳо баромадан лозим.
— Сафар ба хайр?
— Қошғар.
— Рў ба офтоббаро оред! – маслиҳати боборо гуфт ў.
Ва Аёз аз гуфтугўи онҳо фаҳмид, ки ҳоло роҳ тўлонӣ будааст.
Боз роҳро давом доданд. Акнун ў дар бораи талотумҳои олам, ситезу пархоши миёни бародарон, тохти қабилаҳо ва кирдорҳои амирон фикр мекард ва сарфаҳм намерафт, ки ин ҳама корҳо барои чӣ? Чаро касоне ки осуда зиндагӣ кардан мехоҳанд, муяссарашон намешавад ва онҳое, ки ин осудагиро омода сохта метавонанд, мудом ба вайронӣ мекўшанд...
Гўши аспи Аёз афтид; нишонаи хаставу шалпар шудани он буд, гўё ў ҳоло аспсавор нею харсавор меравад, дилаш ба танг омад.

пешина
аз 279
навбатӣ