Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ва онҳо Арчамайдонро рост шуданд, то ба Қаротоғ фароянд ва пасон рў ба офтоббаро оранд. Ин роҳу ин кўҳҳоро, ки Аёз медонист, гуфта-гуфта мерафт...
Чун ба мулки ношинос расиданд, дам ба дарун гирифт ва ҳар ҷои ободро, ки дид, пурсон мешуд: «Қошғар ҳамин аст?» «Не!»
ҷавоб мегуфт соил.
Дар роҳи дурудароз Аёз мехост, ки афсона гўяд, то роҳ кўтоҳ гардад, аммо дар дилаш намегунҷид; хаёлаш, ки ба пешвози хушрўзӣ не, балки ба суроғи нокомӣ меравад ва соил ҳам дар дил чӣ дорад, ки ҳарфе намегўяд: «Дар ҳақиқат ба дидори бародар мерафта бошем ё...»
— Ў чӣ гуфта буд ба шумо?
— Кӣ?
— Фаёз!
— Хабари зинда будани маро расон...
«Хабари зинда будани маро расон» дар дил такрор кард Аёз ва надонист, ки аз ў боз чӣ пурсад.
— Қошғараш дур будааст-дия...
Аммо ҳамроҳ ҷавобе надода, аз пеш сутуни чангу ғуборе боло шуд, ки танҳо дар афсонаҳо шунида буд, лекин аён набуд, ки чанги чист: шайтонбод аст ва ё аз зери суми аспони лашкаре дуди замин ба осмон меравад... Ва сутуни ғубор бо роҳе, ки онҳо мерафтанд, пеш меомад.
— Бало пеш меояд, Аёз... Биё миёни найзор пинҳон шавем,
– маслиҳат дод соил.
— Мо раҳгузарем, наход ки ба мо ҳам кордор шаванд?
— Барои роҳзан роҳгузар лозим. Кӣ медонад, ки ин чӣ балост.
Онҳо сари аспонро миёни найзор тофтанд ва пиёда шуда, аз буни буттаҳо поиданд, ки ин гирдбоди бало то куҷо давом кунад...
Шиҳаи аспон, ғалмағали одамон ба гўш мерасид, савораҳои аввал, ки аз чанг як қадам пеш мегаштанд, ба чашм аён буданд, аммо пасмондагон гоҳ менамуданду гоҳ миёни чангу ғубор мемонданд.
Ва онҳо аз миёни найзор диданд, ки марде хушсарулибос, аммо тартиби либоспўшиаш вайрон, салла ба китф фаромада, дастонаш ба танаш ресмонпеч аст ва пойҳояш аз зери шиками асп сахт баста.
— Гунаҳгорро баста мебаранд.
— Аз куҷо медонед? – ҳайрон пурсид Аёз.
— Аз дасту пои бастааш... Гунаҳгори андак не барин.
…Чангу ғубор аз назарҳо дур шуд ва онҳо аз миёни найзор баромаданд. Ва акнун он зайле ки то ин дам орому осуда ҳар кас ба хаёли худ банд меомаданд, аз вуҷудашон дур гашта, ҷои онро тарсу ҳарос гирифта буд. Онҳо рафтанду рафтанд ва дар роҳ бо шубоне дучор омаданд, ки ду даст бар сари асо гузошта ва манаҳ болои он дошта, рўй ҷониби саворон меистод ва аз роҳ дуртар рама мечарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё