Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ў... – саволи дар нўги забон омадаро гуфта натавонист Аёз. «–Зи-зи... зи-ин-да-а?» – мисли нобиноён чашм накушода пурсид падар.
— Зинда-зинда! – шод карданӣ шуда тез гуфт меҳмон.
— Ҳа-а-а...– Даст боло кард ў: «маро бардор».
Аёз ўро бардошта ба девор такя гузошт. Падар чашм кушоду пўшид: «Об»... Баъди об хўрдан носкадуро талаб карда миёни панҷаҳо соиш медод:
«Маро берун барор!» Аёз ўро бардошт ва дошта-дошта берун баровард. Падар дароз-дароз нафас гирифта сари сина бардамонд ва андаке ба худ омада сўи асп ишора кард.
— Хона барам?
— Не, ба асп бинишон!
Аёз аспро кушода пеш кашид ва беруни дарвоза дошта, рикоб омода сохт, то падар пой гузошта, бар зин нишинад: «Наход, ки падар Қошғар равад?» аз дил гузаронд ў ва пурсид: «Азми куҷо доред, додо?» Ў сар ҷунбонд ва бо даст доира кашид, ки давр мезанад, дур намеравад.
— Давр занед, ман нигоҳ мекунам...
— Не, – гуфт ба ишораи сар, – назди меҳмон даро, – ва лаҷоми аспро ҷониби дара гардонд, то андаке таскин ёбад...
...Аспи меҳмон шиҳа кашид. Аёз тохта берун баромад, ки падараш бозгашта бошад, аммо дар берун касе набуд:
«Дар ин шабҳангом падар набояд ҷониби дара мерафт». Аёз аз нимторикии чароғи милмилак дилгир шуд, ки ба хона надаромада, баумед беруни дарвоза меистод. Асп боз шиҳа кашид. Аёз ба роҳи ҷониби деҳа ва роҳи дара чашм дўхт; касе нест, балки шарфаи пой аз дарун баромад ва ў омадани меҳмонро дид. «Чаро сайҳа мекашад ин асп? Метарсад магар?» пурсид меҳмон.
— Ё метарсад ва ё чизеро бўй мебарад. Аспу саг ҳайвонҳои зираканд.
Садои суми асп омад ва шиҳа кашиданаш. Асп омада дами дарвоза қарор гирифт ва падар гўсфандеро оҳиста аз сари зин нишеб кард: «Дор!»
— Чаро нагуфтед, ки ман ин корро кунам? – садо баровард Аёз.
— Ин хел чизҳоро намегўянд, фаросат кардан лозим. Аёз гўё аз падар калтак хўрд, чизе нагуфта, гўсфандро аз дарвоза дарун карда ба пиёда шудани падар ёрӣ расонд ва аспро дароварда дар яккамех баст.
— Корд биёр! – фармуд падар.
...Баъди он ки падар ҳама кирдору савдоро фаҳмид, фурсат дод, то эшон азми сафар кунанд. Аммо иҷозат надод, ки бо роҳи корвонгарди Хўқанд раванд, зеро дар он солҳои пурошўб роҳи Хўқанд роҳи пурхатар буд; маслиҳат шуд, ки роҳи Кўҳистон наздик ва миёнбур аст...

пешина
аз 279
навбатӣ