Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худо нишон надиҳад, муроди шуморо донистанӣ шудам.
— Муроди ман маълум аст: вақте ки ба ин ҷониб азми сафар кардам, Бухорову Самарқандро зиёрат мекунам, гуфтам, нафаре аз бародарон хоҳиш кард, ки аз ҳоли шумо хабар гирам; Самарқанд ки рафтӣ, он ҷониб камтаре роҳ монад, гуфт. Вале камтар набудааст.
— Кӣ будааст ў?
— Агар шумо майли дидори ўро дошта бошед, гўям, вагарна ин асрор бо худ барам. Ва ў хоҳиш кард, ки шумо азми дидор кунед, ҳамроҳи ман ба Қошғар биравед.
— Кӣ будааст ў? – бетоқат шуд падар... — Юсуф?!
— Қавл диҳед, ки асрор ҳувайдо намекунед ва бо ман меравед.
— Аҷиб марде будаед, меҳмон... кас чизе надониста магар қавл медиҳад? Магар ин бозии қисмат аст? Ман шуморо намедонам ва шумо маро.
— Ман шуморо хуб медонам.
— Аз куҷо?
Меҳмон чизе нагуфт, ба андеша рафт. Ба назари падар чунин намуд, ки ў ба худ мепечад, вале ў даст ба кисабағали ҷомаи ҷанда бурда носкадуи дарози монанд ба банан каҷгашта ва даҳонааш пўпакдорро бароварда ба падар дароз кард.
— Воҳ! – фарёд зад падар ва худдорӣ карда натавониста, беҳушу беёд такя ба девор зад:
«Куштанд… Юсуфи маро куштанд…»
Барои падар ҳеҷ гуна шарҳу эзоҳ лозим набуд; мисли барқ ба сараш зад, ки дўсти раҳдури ў кист ва хаёле аз байни абрҳо соиқа дурахшид; даҳ сол пеш аз инро ёд овард, ки ин носкаду дар дасти кӣ буд.
— Аёз! Аёз! Об биёвар, Аёз! – дами дар рафта фарёд зад меҳмон.
Аёз дар даст чойники чой пеш омад ва беқарории меҳмонро дида ҳайрон шуд; «Об лозим, об!» боз гуфт меҳмон. Аёз аҳволи падарро дида, чойникро базўр ба замин гузошт ва назди падар зону зад.
— Додо! Чӣ шуд ба шумо?
Падар ба ҷои ҷавоб деворро ба пушт соида паҳлў зад. Аёз ўро дошта дароз хобонд ва дартоз рафта обу пиёз овард; об ба рўяш зад, пиёз ба димоғаш дошт. Падар хаёле бинӣ ҷунбонд, аммо атса дода натавонист. Меҳмон паси гўшҳои ўро мемолид.
— Меҳмон, дар миён чӣ гузашт?
Меҳмон ба ҷои ҷавоб носкаду ба Аёз намуд. Ў низ карахт шуд ва дергоҳ гунгу хамўш истод...

пешина
аз 279
навбатӣ