Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Аёз рафта хўрҷин аз пушти асп канд, айили онро суст кард ва хўрҷин оварда даруни дари меҳмонхона гузошт ва боз баромад, ки аз паи падар шавад ва андаке дер омада, фармуд, ки падар баъди намози аср меоянд.
Ва падар баъди намози аср не, балки баъди шом омад. Меҳмон баробари аз остона қадам ниҳодани марди навпир бархест ва даст пеши бар одоб кард ва вохўрду ўро аз худ боло гузаронидан хост.
— На-на, меҳмон бузургтар аз падар аст, – иззати меҳмон доштанӣ шуда гуфт падар ва паҳлўяш бинишаст. – Омин!.. Хуш омаданд!
— Хушвақт бошанд!
— Боз хуш омаданд! – аз хомўшии меҳмон рамуз гирифта ва гўё ҳарфи гуфтанӣ наёфта, такрор кард падар. – Бино ба шунидам, аз дўсте паём овардаед.
— Бале, – кўтоҳ ҷавоб дод меҳмон ва ба Аёз нигарист.
— Чой биёр, Аёз! – чойник дароз карда гуфт падар.
Аёз чойник гирифта баромад ва падар гумон кард, ки меҳмон чизе мегўяд, салому паёми дўсти раҳдурашро мерасонад, аммо ў сукут дошт ва чизе меандешид: «Чӣ гўям? Чӣ хел гўям?»
— Бигўед!
— Чӣ бигўям? – як қад парида пурсид меҳмон, ки дар дили ў чӣ буданро падар аз куҷо донад.– Қаблан суоле дорам ва аз шумо донишманди мўҳтарам пурсон мешавам, ки ба чӣ ранг онро маънидод мекунед. Бигўем, ки падаре дар ҳаққи писаре кирдори норавое кард ва ё писаре дар хусуси падар кори носавобе, онҳо тавонанд гуноҳи ҳамдигарро бубахшанд?
— Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ; бояд донист, ки гуноҳ чӣ андоза аст? Оё падар тавонад, ки гуноҳи писар бубахшад; дар ҳар ҳолат бахшидани гуноҳи падар аз ҷониби писар шарт нест, агар гуноҳ аз қоидаву қонуни аҳли башар ва шариъат берун набошад... Ва шумо ба чӣ маънӣ ин чизро пурсон мешавед?
— Ҷаҳонгардиам аз барои он аст, ки ҳикмати зиндагӣ фаро орам.
— Чунон ки шайх Саъдӣ?
— На-а-а, на ҳар сар сазовори дори баланд аст. Саъдӣ ба ҷои хеш, ман ба пойи хеш.
— Шумо аз хоҷагонед?
— Дарвешам, беш не...
— Ин ҳарф барои он гуфтам, ки аз пойгаҳ то саргаҳи Зарафшон шайхон ва хоҷагоне хок шудаанд, ки ҳама омадаанд ва нафаре муқимӣ набошад; аз Хоҷа Исҳоқ то Абўмўсои Ашъарӣ...
Меҳмон хеле ба сукут рафт, ё аз ҳарфи падар ранҷид ё мулоҳиза дошт, ки суханони ў чӣ маънӣ доранд.
— Ман аз барои хок шудан наомадаам, тақсир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё