Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, ҳайрон нестам. Меҳмон – атои худо... Лекин мебинам, ки ба мардуми мо монанд нестед.
— Магар соил ба мардуми шумо монанд мешавад? - гуфт ва хеле хомўш монда, аз парешонии соҳибхона рамуз гирифта, ҳарфашро давом дод: – Ман мусофирам, аз роҳи дур: аз Қошғари Чин. Марди дарвешам, саёҳати олам ихтиёр кардаам. Табибӣ надорам, ҳакимӣ надорам, тамошоро дўст дорам.
Аёз сукут карда буд ва гўш медод, то меҳмон боз чӣ мегўяд.
Ў дергоҳ чизе нагуфт ва хонахудо барои ўро ба сухан даровардан пурсид:
— Саёҳат ихтиёр кардед, аҳлу аёл чӣ мешавад?
— Магар марди дарвеш аҳлу аёл дорад?
Гўё муроди Аёз ҳамин чизро донистан буд, ки пиёлаи холии дасти меҳмонро гирифт ва пои чап аз зер берун оварда чорзону нишаст.
— Қошғари Чин мулки дур аст, лекин аз рўи гуфти аёлам, шумо номи маро пурсида ин ҷо даромадед, ҳамин тавр не?
— Ҳамин тавр. Номи шуморо пурсидам, Фаёзро пурсидам, лекин навбат ба падаратон нарасида, завҷаатон маро ба дарун хонд, кўфтаи роҳ, ки будам, одоби шуморо ба инобат нагирифта даромадам... Ба ман гуфта буданд, ки марди бегона ба хонаи бемардина набояд дарояд.
— Маро, ки пурсида омадаед, даромадан ҷоиз аст.
— Миннатдор... Аҳволи падаратон чӣ хел аст?
— Сиҳҳату саломатанд.
— Шунидам, ки бисёр марди шариф ва обрўманди ин диёр ҳастанд.
— Алҳақ... Лекин ин маълумот ба шумо аз кӣ расид?
— Дар мулки мо мардест, ки миёни мардум хоса эътиборе дорад ва аз рўи ҳикоятҳояш замоне дар ин мулк буда ва бо шумо, алалхусус бо падаратон, қаробате дошта ва дар сўҳбатҳо ёдрас мегардад, чунин мардон дар ҳар мулк як нафар мешаванд... Аз рўи шунидам ба аллома монанд, дар Бухорои шариф таҳсил дида ва ба неккорию некномӣ пардохта....
— Андаке муболиға шудааст, вагарна писар ба бад гуфтани падар ҳақ надорад... Ва он кас кӣ бошад, ки ин қадар...
— Он кас аслан аз Қошғар нест, замоне аз ин мулк сафар карда, мусофир шуда, дар даргоҳи дорое ба хидмат буда ва баъди фавти бой беваи хурдии ўро ба занӣ гирифта, ин замон соҳибдавлат ва соҳибмақом аст... Бубахшед, соҳиб, ман бор аз пушти асп накандаам...
— Шумо беҳузур нашавед, ман хўрҷинатонро меорам.
— Миннатдор... Магар падар дар наздикиҳо нестанд?.
— Чандон дур не... Агар ҷое нарафта бошанд.

пешина
аз 279
навбатӣ