Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соҳиба дастархон даруни дар гузошт ва баргашта берун баромад. Дар нўгчўбии гўшаи оғил асперо баста дида ҳайронтар шуд, ки чаро соил мисли дигар гадоён пиёда неву савора? Аспи бегонаи лоғар сар фурў дошта, ба сукут рафтааст ва чашм пўшида пинак дорад, ки хоси аспони солим нест. Занак хеле ба асп нигарист, хаёлаш ба ҳазор кўча рафт, сонӣ бо чӣ мулоҳизае як дарза бедаи хушк оварда назди асп партофт, асп чашм кушода ба беда нигарист, бўй кашид, ҳавсалаи хўрдан накард. Занак ҳайрон шуд, ки чаро савор аз асп ва асп аз савор шалпартар. «Кошкӣ тезтар меомад»....
Ва мардаки ў омад; ду банд алаф линг карда савори аспаш ў аз роҳи дашт пайдо шуд ва дар дами дарвоза парешонии зан ва аспи бегонаро дида тааҷҷуб кард ва наздик омада ба ишораи сар аспро нишон дода, кӣ омаданашро донистан хост.
— Меҳмон, – оҳиста гуфт зан лаҷоми аспро дошта ва қонеъ нашуда сар ҷунбондани шавҳарро дида, илова кард:
— Як гадо.
Аспи ў сайҳа кашид ва аспи соил бедор гашта андаке сар бардошт ва гўё ки дар ин солҳои наздик ба дидори аспе нарасида бошад, рўй ҷониби онҳо тофта кишна кард ва омаданӣ шуд, ки нўхта сари онро пас кашид. Рафтори аспро занак на аз пазмонӣ донист, балки гумон кард, ки ҳарфи ўро шунид: «Як гадо». Ў хиҷолат кашид, ки чаро ин суханро гуфт, беҳтараш шавҳараш даромада, кӣ будани ўро мефаҳмид.
— Гадо, мегўӣ? – банди алафро аз пушти зин гирифта пурсид Аёз. – Гадо дар хона чӣ кор мекунад?
— Шуморо пурсид... – гуфт ў ва аспро лаҷом кашида, ба ҳавлӣ дароварда ба яккамех баст. Аёз алафро зери охтахона гузошт, дар ҷўйи беруни дарвоза дастурўй шуст, фўтаи миёнро кушода сарў рўй пок кард ва ба дари меҳмонхона наздик омад; дами дар дастархону чойники чой меистод, ў хеле аз дар нигарист ва сари меҳмон болои зону дида, баргашт; беруни дарвоза баромада ба аспи лоғари ў нигарист, ки ҳавсалаи бедахўрӣ ҳам надорад.
Хўрҷини нимдошт пушти зин пурчангу ғубор аст. Аёз як қабза алафи тоза овардаро пеши асп партофт ва даҳана аз даҳони он бароварда, зери гулўяш ҳамоил кард. Асп ба бедаи тар даҳан зад, вале чандон ҳавсала накард.
— Меҳмон месурфад! – аз дарвоза берун омада гуфт занак.
Аёз шитоб накарда ба дари меҳмонхона рафт ва меҳмонро бедор дида, салом карда, чойнику дастархон аз сари роҳ гирифт ва сонӣ бо ў вохўрдӣ кард: «Омин! Хуш омаданд!» Дастархон кушод, чой гардонд, ба меҳмон дароз.кард.
— Аз пайдо шудани меҳмони нохонда ҳайрон будагистед?
– пиёлаи ҷойро гирифта гуфт соил.

пешина
аз 279
навбатӣ