Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

– Ин ҳавлии Аёз аст?
— Не! – чӣ биме дар дилаш омад, ки рад кард занак.
— Рост бигў, хоҳарак, аз рўи ростӣ мепурсам.
— Не-не! – гурезон ҷавоб дод соҳиба.
— Хонаи Фаёз чӣ?
Занак бозистод ва хост ба ў нармтар ҷавоб гўяд, аммо ба сараш чӣ фикре зад, ки тарсону ларзон ба хона даромад.
Соил сари ғирбол бинишаст ва гандуми рехта аз нав бардошт; аввал дудаста бардошт, сонӣ каф-каф гирифт ва баъд гўё ба чизе умед баста бошад, бафурсат доначинак кард; дона-дона мечид, то сангрезаҳо ва гарду хок ҳамроҳ нашавад, ба саноч на, ба ғирбол бозандохт. Ў дергоҳ доначинӣ кард. Аз кўфти роҳ, аз доначинӣ ва ё аз рафтори занак шалпару дилгир шуд, ки ба рўи хок каҷпаҳлў зад ва донаҳои охиринро, ки канортар пош хўрда буданд, чид.
Занак ба чӣ андешае омад ва ё соилро рафта пиндошт, ки боз баромад ва ўро дар чунин ҳолат дида ҳайронтар шуд. «Кӣ бошад ин марди гадосурат? Ҳавлии Аёзу Фаёз ба ў чӣ лозим бошад?»
ба худ мегуфт занак.
— А? Ҳавлии Аёзу Фаёз ба шумо чӣ лозим?
Соил андаке сар тофта, пеш омадани занакро дид ва калла афшонда гуфт:
— Ба ман мардина лозим, ту аз ман меҳаросӣ, чизе намегўям.
— Ин ҳавлии Аёз аст, аммо мардак нестанд, дашт рафтаанд, ҳолӣ меоянд.
— Ман сабр мекунам.
— Ба меҳмонхона дароед!
Соил, ки андешаашро танҳо худаш медонист, чунин хоҳиши соҳибаро рад накард; ў ғирболи пур аз гандумро бардошта даруни дарвоза гузошт ва пирона қадам зада, асо ба замин кўфта, ба дари меҳмонхонаи соҳиба намуда равон шуд, аммо шубҳаи соҳиба зиёда гашт ва пушаймон шуд, ки чаро дар набудани мардина ўро ба хона хонд, агар марди дуруст мебуд, ба хона намедаромад; ё аз ин мулк несту расму русуми моро намедонад ва ё қасдан даромад.
«Ба Фаёз монанд не, чаро номи ўро мепурсад? Магар намедонад, ки Фаёз аз ёдҳо рафтааст?» Соҳиба дергоҳ рўи ҳавлӣ истода худ ба худ гуфта мешунид, аммо ҷуръат надошт, то ба назди меҳмон дастархон барад. «Гадо бисёр, аммо ин хелашро надидаам. Надидаам, ки гадо гандумро резонаду боз бардошта, дароварда ба ҳавлӣ гузорад... Чӣ ният дошта бошад?» Ў бадиққат гўш медод, ки аз меҳмон садое мебарояд ё на. Чун оромӣ дид, аз бими он ки ҳоло мардак омада, чаро назди меҳмон дастархон набурдӣ, гуфта, арбада накунад, хона даромад. Дастархон омода сохт ва бурда аз дар дарун дароз кард, аммо меҳмон дастархон нагирифт. Сонӣ кадбону чашм ба дарун давонд, ки меҳмон зону оғўш карда ва сар бар зону ниҳода, ба ғанаб рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё