Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мурам ба шумо, алафдарав.
— Қудоя гуфтам, меоянд. Ормонро ба фотиҳаҳо мебаранд, мо алаф дарав мекунем... Ана акнун гўш бикун, – ҷониби Ормон даст ёзонда муроҷиат кард пирамард.– Дар муддате ки ту наомадӣ, шаш мурдаи калону ёздаҳ мурдаи хурд шуд: одамони дуруст-дуруст рафтанд. Аз тангкўчаи худамон сар мекунетон: кампири Бимоҳ, Фотимаи Аждар... аз ин ҷо мебуроед, кўчаи таги ғор меравед
– акои Муҳаммадӣ, баъд мебароед ба гузари Ҳисориҳо – хонаи Мухтори гилкор, усто Қосим, аз усто Қосим ҳамин дарвозахона ба мо нишона. Чандта шуд? Ҳа, гузари Шингиҳо, бечореки Муҳаммадмурод вақти коҳгирӣ зери ширдони ферма монда мурд... Ва боз баччаҳо, ки худи қудо медонанд. Ҳамин ки баргашта омадетон, қиссаи «Ниёз-кончӣ»-ро мегўям...

ШОХОБИ аввал

Падари Бурҳони Қодир, яъне, бобои Ормон – усто Қодир вақти дар Ғузор барои Маликбой болохона сохтанаш писарбаччаеро дид, ки аз паси занаке кашола шуда, сўи Киштўд мерафт ва пештар аз онҳо ду марди аспсавор гузаштанд, ки усто Қодир ҳеҷ кадоми онҳоро нашинохт; касоне, ки дар сохтани болохона шарик буданд, арз карданд, ки савори пешро мешиносанд: Аёзи киштўдӣ аст, аммо се тани дигарро нашинохтанд.
Савори дигар барои ин кишвар бегона набуд:
Ў – Фаёз, бародари Аёз... Онҳо се бародар буданд:
Аёз, Намоз ва Фаёз. Аз дўст гузашт ё аз душман, ки байнашон носозӣ афтод... Фаёз ба ҳарфи мардум рафта, занашро ба Намоз рашк бурд ва рўзе рў ба рў гуфта шунидани занашу Намозро дида, бародарро мурданивор зад ва худаш бенишон шуд – зими сиёҳ зад...
Баъди чанд вақт Фаёз ба ҳукми мурда гузашт. Падари боэҳтиромаш, ки барои некиҳояш миёни мардум эътибор дошт, аз чунин ранг гирифтани воқеа бехабар монд ва танҳо баъди аз писар умед кандан оши сол дод... Аз қазову қадар зани бародари калонӣ нобуд шуд ва Аёз зани сайибамондаи Фаёзро ба никоҳи худ даровард.
На Намози бадномшуда...
Фаёз аз ёдҳо рафт.
...Пас аз даҳ сол соиле ба дари Аёз дўст кашид. Янгазани Аёз дар ғирбол гандум баровард. Аммо соил даст ба ғирбол бурду ҳамон зайл шах шуда, ба занак дер нигоҳ кард. Занак аз чунин кори ў ҳайрон шуда, андаке баданаш ларзид ва ғирболро сар дод.
Ҳоло ки соил ғирбол сахт надошта буд, он ба замин зад ва гандум дами дарвоза рехт.
— Бубахш, хоҳарак, бубахш, – худро рўи гандуми рехта андохта гуфт соил.– Нарав, хоҳарак нарав, ба ту ҳарфе дорам, – пас-пас рафтани занакро дида ва андаке аз замин ковок шуда хоҳиш кард ў.

пешина
аз 279
навбатӣ