Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Ормон ба деҳа ояд, дили падар ба бозӣ дарояд, ки ў коре карда омадагист, акнун миёни дўсту душман ўро шарманда месозад. «Фикри кўдаконатро бикун, гандаю нағз нисфи умрат гузашт, худо медонад, ки боз чанд соли дигар умр дорӣ, лекин ғами кўдаконро хўрдан лозим. Ту ҳоло ба қадри кўдак намерасӣ, гумон мекунӣ, ки одам зода шуд, дарахт барин калон шудан мегирад. Не, бачча калон шавад, ташвишаш ҳам калон мешавад; шутур калон – ҷароҳаташ низ калон. Фарзанд нон мегўд, либос мегўд. Онҳоро хонадор кардан лозим, онҳоро ба мурод расондан лозим. Ин қарз ва боз ташвишҳои дигар, ки худат пеш-пеш мебинӣ. Ба қадри ин ҳама вақте мерасӣ, ки падар ё бобо шавӣ. Падар шудӣ, ба назари ман ҳоло ҳам кўдак ҳастӣ; табиати одамӣ ҳамин: ҳама вақт худро кўдак мепиндорад... Ҳамин ки пояш ба лаби гўр расид, гумон мекунад, ки калон шудааст ва аз Худо металабад, ки боз умрашро дароз кунад ва ё аз нав ҷавон гардонад, то бо ҳамин ақли пирӣ зиндагиро аз нав созад. Лекин ба гуфтан касе ин корро накунад; масалан ман ба ту гўям, ки инту накун, унту бикун, ту он корро намекунӣ. Ҳол он ки ҳамон чизи пойдарлабигўр аз Худо талаб доштаат дар гуфтаи пирон ҳаст. Боз аз Худо умри дубора талаб мекунад, ки ҳама кўтаҳию хатоиҳояшро ислоҳ гардонад, ба касе бадӣ карда бошад, некӣ бикунад... Ҳайҳот! Инро аз рўзи нахуст андешидан лозим буд.
Гуноҳ карда, сонӣ бо сарнавишт ситезидан беақлист! Одамӣ як рўз ба дунё меояд, як рўз мемирад. Ҳамин ду рўз дар қисмати инсон дарҷ мешавад. Дигар ҳамааш – вой.
— Хамин шаб намондам, ки хоб кунӣ, а? – ба сари дастархон омадани Ормонро дониста гуфт падар.
— Не, нағз хоб кардам, шумо хоб накардед!
— Ҳа-а, акнун хоби ман ҳамин; хобу бедориам – як. Ман кайҳо ба қатори мурдаҳо... Лекин Худо барои азоб додани Келинчак ҷони маро намегирад...
— Шир нарезад! – косаро ба дасти ў дода гуфт Келинчак.
— Сангинбойҷон!
— Ҷон! Ҷон!
— Гова ҷўшидед?
— Ҳа.
— Пода ҳай кардед?
— Ҳа.
— Об овардед?
— Ҳа!
— Ана акнун як кори дигар монд: алафдаравӣ. Ман ширама хўрам, ҳарду алаф медаравем.

пешина
аз 279
навбатӣ