Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Онҳо ба мисоли ширу равған; ҳарду аз пистони гов мебарояд, омехта пазӣ ҳам, боз ҷудо мешавад. Шабону рўзон ҳамин хел як ҷо – мегўянду мешунаванд, ҳарфашон сахт, лекин намеранҷанд.
Баъзан пирамард иззати мардро ба ҷо наовард, гуфта аз Келинчак меранҷад, зуъм мекунад, абрўяш гиреҳ мезанад ва боз монанди абри баҳор пароканда мешавад. Сояи абр бод дорад, мегузарад.
— Қариб рўз шуд? – хобаш гурехта пурсид пирамард.
— Хап хоб равед! Миҷа таҳ накардаему ба шумо рўз мешад!
– аз рафтори мардакаш ба танг омада гуфт Келинчак.
— Хайр, ту донӣ Худо, беҷанг гўй, ки Ормон ҳамту омадааст ё ҷанг-панг карда?
— Омадан намемонед? Ҳамту!
— Набошад, чӣ-ба баччаҳоя наовард?
— Ана, худашон мегўн, ки ҳамту.
— Арвоҳи падарат? Бедор?.. Мошинаша куҷо монд? А? Дар кўча? – дасташро болои сари Келинчак давр занонда, – Ҳамту-у-у таги Чилламазор катӣ роҳ карда, девори Амонуллоро шикаста, як ваҷаб аз замини боғаш гирифта роҳ мекард, мошин то таги чормағз меомад.
— Шумо мекунед-дия!
— Ҳа, намекунам? Мекунам! Ҳамин қадар алафа бо ҳамин кўриам кашондам, ина наметонам? Метонам... Ту мадад кунӣ, ҳама корро мекунам...
— Хоб равед-хоб равед!
— Хоб равед... Ман мурда, ки шабу рўз хоб равам? Хоб ҳам ба эбаш. Хаёли ту ки чашмамро пўшаму накушоям...
— Ҷанҷоли шумо дар дили шаб мегирад, номатон гум нашавад, илоҳӣ!
...Ормонро вақте хоб бурд, ки модараш хеста буд. Ў говро дўшида ба пода ҳай кард. Ҷогаҳи пирамардро ғундошт, ҳавлиро рўфт. Оби саҳар тоза гуфта, аз рўдхона ду сатил об овард, оташ гиронд, шир пухт ва баъд Ормонро бедор кард.
Пирамард ҳам намозашро хонда, рўи кўрпача нишаста, ба болиш такя зада, тасбеҳ мегардонд. Сараш хам, чашмон пўшида, вале лабонаш меҷунбид.
Ў тасбеҳ дона карда зери лаб чиҳое ки мегуфт. Ормон суханони зери лабу дандон хондаи ўро намедонад, аммо яқин мекунад, ки падар омурзиши гуноҳро аз боло талаб дорад ва ҳангоме ки ободию сиҳатии кўдаконашро боз аз ҳамон боло талаб мекунад, номи эшонро равшан ва бурро мегўяд. Ормон ҳайрон, ки одамӣ чӣ махлуқест – як марди ринд ва ҷавонмарди бебок имрўз ба чӣ ҳол гаштааст. Ормон ҳамин хел шаккокӣ дар андеша дорад, аммо дили пирамардро намефаҳмад; намефаҳмад, ки зимни ин гуфтори бахуд ў дар бораи рўзгору аҳли байти онҳо чун фикр мекунад ва дар сари намоз талаб ҳам дорад, ки осебе ба онҳо нарасад, зеро ў ҳама вақт парешон аст, ки писараш бо зан зиндагӣ намекунад, имрўз набошад, фардо ҷудо хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё