Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар як ҷогаҳи танг, дар буни шавҳар ҷо шуда, аз кўфти рўзгор нола кардани ў писари меҳмонашро парешон кард.
— Сангинбой, чӣ шуд ба ту? – гўши вазнини ў нолаи ўро шунид.– А, чӣ шуд? – ҷониби Келинчак рў гардонда дилсўзона пурсид пирамард.– Боз дарди сарат гирифт? Боз миёнат дард кард?...
О, то сари ту дард кардана сари ман дард кунад, намешавад...
Ту набошӣ, ман мурдаи тапа-тайёр. Парвардигор медонад, ки чашми ман, гўши ман, дасту пои ман туӣ, боз чаро азоб медиҳад?
Ҳамин аҳволи ман, ҳамин азоби ман бас нест?..– Андаке ба андеша рафта боз ба сухан даромад:–Ҳама азоб ба сари ту. Ман амир Олимхон барин қаҷпаҳлў зада каттагӣ мекунам: каттагии бебун, ройгон. Лекин намедонам, ки фардо барои ин каттагиам чӣ ҷавоб медиҳам. Ту бояд ба ҳама хизматхоят розӣ бошӣ, аз гуноҳи ман гузарӣ... Сангинбойҷон, туро бисёр азоб додам, барои ҳамин аҳволам ҳамин хел шуд. Барои ҷўраҳо шуда азоб до дам, ки дар вақташ таъомро тайёр накардӣ, барои дайдуҳои кўча азоб додам, инро баҳона кардам, онро баҳона кардаму азоб додам. Аз гуноҳам гузар... Зан – мўъҷизаи парвардигор. Занро хор кардан ба Ў ҳам хуш намеояд.
Гулсифат чизе намегуфт. Ормон, ки ҳоло хам бедор буд, аввал гумон кард, ки падар ба ў гўшона мегўяд: «Кас набояд занро беҳуда азоб диҳад» ва боз ба ҷавоби модар мунтазир буд, ки ҳозир «Ҳаа, ба худ, омадед? Ҳушатон акнун ба саратон зад? Акнун худоро мешинохтагӣ шудед? Худоро мисоли худодод намедонистед. Дар осмони ҳафтум мегаштед... Дер шуд. Пушаймонӣ суд надорад», мегўяд, аммо ў садо набаровард. Садои нолааш меомаду бас.
— Сангинбой!
— … – Сангинбойҷон!
— Чӣ мегўед?
— Мегўм, ки худо туро бар сари ман нигаҳ дорад. Ту соябони сари манӣ... Худо мана бояд гирад; мани мундая, мани муфтхўра, ки ба касе нафъам намерасад...
Онҳо хомўш. Шаб хомўш. Гўё олам хомўш. Нолаи Гулсифат ҳам басанда шуд. Вале хоби Ормон парид. Ў рафтору кирдори падару модарро ва «хизматҳо»-и худашро дар паҳлўҳои тарозуи рўзгор гузошта бар мекашад, таҳлил мекунад ва номаълум оҳ кашида паҳлў мегардад, ки сабукрўҳ мегашта бошад, баракс дар тарки сараш дард медарояд ва озор медиҳад...
На! Хизмати модар дигар. На хизмати падар ба он баробар мешавад ва на хизмати писар. Ў хизмати сари гаҳвораро дар назар надорад; хизматҳоеро, ки барои рўзгору ин пирамард кардааст, дар назар дорад.
— Чӣ ин қадар меҷунбӣ? – бо оринҷ Келинчакро зада гуфт пирамард, ки шояд аз хоби хуш бедораш карда бошад. Лекин Келинчак чизе нагуфт. Ё дар банди гуфтору навозишҳои андаке пеш кардаи шавҳар буд ва ё намехост, ки ҳарф зада худашу Ормонро нороҳат кунад.

пешина
аз 279
навбатӣ