Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тутҳои каллак, ки кўдакии Ормон бо онҳо пайваста аст ва он замон ба ҷои шири модар шиками ўро сер мекард, ҳоло ба мисоли панҷаи бурида метобанд. Юнучқа тухм баста, чапочилеб хобида, зераш пўсида ва баргҳояшро пашша хўрдааст. Пали болоро бузу бузғолаҳои дайду хўрда, помол ва бўзада кардаанд, ки алафаш ба дос ҳам намеояд. Ҳо он тараф – зери дарахти зардолуи талхак, сари вот ду-се қабзаи даравида меистад, ки он ҳам кори модари ўст ва чизи аз ҳама чашмрас доси дастааш латтапеч аст, ки теғаш аз корхўрда шудан ба доси моҳи нав гаштааст ва чунин досро Гулсифат доси кундак меномад. Гўё дар ин макон ягон чизи нав нест, ҳама қадима, ҳама кўҳна – ҳатто кадбонуву кадхудо ҳам.
Лекин пирамард доим ахбори тоза пурсон мешавад... Ва дар байни ҳама гуна навиҳо Келинчак қадима тобад: хизматаш, рафтораш, гуфтораш, шинухезаш, шарму ҳаёяш – ҳама қадимаанд, фақат ба харфи пирамард ҳарф гуфтанаш – нав, дигар ҳама – қадима...
Модар пеш аз ин ҳам резапайкар буд, ҳамон вақт ҳам дар пушти лабаш холи сиёҳ дошт, ки чашми булбулро мемонд. Ҳоло ҳам он хол ҳаст ва ба назари Ормон, ки офтоб ранги онро бардошта бошад ва ё бо мурури замон коҳида, хокистарӣ гаштааст; пайкараш аз будаш лоғартар, наҳифтар шуда, аз он арўси зебои моҳталъат пўсту устухон мондааст худаш ҳам, ҳуснаш ҳам коста, чашмонаш хона кардаанд, дандонҳои сафеди раддаву симзадааш аввал кабуд баъд зард гашта, аз кунҷу пеш фурў рехтаанд. Ормон тағйироти пайкару андоми ўро мў ба мў медонад, вале дар хусуси падар ин чизро гуфта наметавонад: гўё чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон хел ба дунё омада бошад.
Ормонро шаб хоб намебурд; ташвиши ў ташвиши андак нест, мисле ки дунё ташвиш дошта бошад, гўё ки хўрондану пўшондану нигоҳубин кардани як дунё одам ба зиммаи модари ўст. Ормон танҳо ҳамин лаҳза, ки аз бехобӣ дақиқаҳои шаборўзи модарро таҳлил кард, андаке кӣ ва чӣ гуна зан – модар будани Гулсифатро дарёфт. Андаке. Зеро тамоми хислату корубор ва феълу атвори ин занро дар як шаб ва ё дар сари хоб таҳлил кардану донистан лоимкон аст. Ў то алҳол зан – модарро (алалхусус модари худро) ҳамчун мушти пар, оҷиза, итоаткор, хизматгори шавҳару фарзанд медонист, вале ҳоло рўзгори модарро боз аз назар гузаронида
– аз кўдакӣ то пирӣ барои колхоз хизмат карданашро ёд оварда, андеша мекунад, ки модар – худо, хонахудо будааст; офаридгор будааст... Ормон барои азиятҳои даврони пирии ин ду тан чандон намесўзад, балки машаққатҳои гузаштаи онҳоро, ҷонбозию ҷоннисории онҳоро зиёдтар андеша мекунад, ки дар ин хусус ҳам баъдтар... Нолаи модар баромад; «аҳ!» гуфт, «миёнам» гуфт, «сарам» гуфт.

пешина
аз 279
навбатӣ