Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Луқмаи нон дар гулўи пирамард дар монд. «Чой на...» гуфтан натавонист. «Чой наовардӣ?» гуфтанӣ буд, натавонист, овозаш ларзида, гиряаш маълум шуд.
Ормон дасти ўро дошта пиёлаи сўзонро ба дасташ расонд.
— Не, ман намехўрам, худатон...
— Ин кас ҳамин хел, ҳарина, – пеш омада гуфт Келинчак.– На тоқати гармою на тоқати сармо, – ва даст ба китфи ў расонда гуфт: – Боз чӣ ба ёдатон омад?
— Ваъъ... шумо ҳамин-ҷа? – хандид пирамард ва баъд кўдаки аламаш тоза шудагӣ барин гирист; худдорӣ карданӣ мешуд, садо намебаровард, аммо китфонаш ҷунбида гиряи ўро фош карданд.
— Худо осон накунад, ман чӣ кор кунам? – бо ситеза гуфт Келинчак.
Пирамард сар ҷунбонд: «Ҳамин-а.»
Ормон пиёлаи чойи ба рўи дастархон гузоштаашро дигар бардошта натавонист. Ҷўраев сархам менишаст.
— О, шумо шодию хурсандиро медонистагӣ-ку? – даҳон ба гўши ў бурда гуфт Келинчак.
— Келинчак, ҷанг накунед, як омад-дия... Илоҳӣ барака ёбед...
Қудо – Ҷўраев! О, чӣ-ба ҳеҷ чиз намехўред?
— Мана-мана, дар дастам нон! – пораи нонро ба дасти ў расонида гуфт қудо.
Ормон бо баҳонаи дарди зону хеста боғ рафт. Ў ба мавзеъу макон ва боғу роғ эътибор медиҳад: хонаи андарунаш хуни нофаш рехта фатарот гашта, чаҳор девораш то замин рехта ва даруни тарҳаш хокпарто шудааст; мисли замини партов, монанди аспи пири азкормонда, аробаи шалақ ва мошини абҷақу абгор аст ин чордевор, ки касе сўяш назар намекунад. Вале Ормон андеша дорад, ки хуни нофи бобо, падар ва худи ў дар он ҷо рехта; лек ҳама фаромўш карда, касе ба он эътибор намедиҳад.«Одам мемураду ин чӣ – як чордевор». Ҳо, одам мемирад; бо ҳама некиҳояш, бо ҳама бадиҳояш, бо ҳама носипосиҳояш, бо ҳама чирадастию кибру ғурур ва баландию пастиҳояш ва ҳатто бо ҳама хоксорию ҳақирию нотавониҳояш ва ҳаттои ҳатто мушкилкушою мушкилосон буданаш одам мемирад. Судхўр, дунёдор, тавонгар, забардаст молу пулу ҷоҳпараст гумон мекунад, ки ў намиранда аст; барои ҳамин якашро сад мекунад, моли дигаронро аз они худ медонад, аз бечорагон меситонад, зердастонро меозорад, то дунё ба ў бақо кунад, на ў ба дунё... Ба назари Ормон падари пираш барои чаҳор бузу гўсфанд шуда модарашро ташвишу азоб медиҳад. Бе ин ҳам азоби ў кам нест – ташвиши худи ин тифли пир басанда...
Ў дар боғ ташвиши модарашро зиёдтар дид: сархори боғ ба куллӣ набуд (бояд аз беҳезумӣ модар онҳоро чида, оташи зери дегашро фурўзон карда бошад), ҷо-ҷо девори гашта сангдевор ва ё шохбаст шуда буданд, ки осори дасти зан буданашро кас пай мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё