Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ин ҳайвонҳои безабонро, вақте ки нафасашон рост шуда, аз об бароварданд, наҳорӣ дода боз ба чанаҳо бастанд, то сўи Ховаркўҳ зўр ба кор баранд. Онҳо чунон шалпар ва бемадор шуданд, ки дигар зўри кашидани чанаро надоштанд. Акнун на танҳо аз тори мўяшон арақ мешорид, балки аз бинӣ ба даҳонашон луоб ғоз дода нишеб мешуд. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо дигар ҳеҷ гоҳ ҷониби Шимол барнамегарданд ва шояд охирин роҳашон то сари Ховаркўҳ бошад. Ва рафту то он баландӣ бароянд, бо мадади инсон мебароянд, чунон ки дар ҳар кўрсангу харсангҳо, ки чана андармон шуд, ба воситаи мисрону фашангҳо раҳо карда, пеш мераванд...
Ба ҳар машаққате ки бошад, аввалин оҳанҳои вазнин бо зўри ғажговҳо ва мадади одамон то баландии Ховаркўҳ баромаданд.
Акнун ба Ниёз лозим буд, ки ин барори аввалро ба уезди Самарқанд, ба губерния ва алалхусус ба Власов расонад, ки қариб ҳама корҳои Ниёз ба ёриву маслиҳати ў сомон мешавад, барои ин ё телефон кардан лозим меомад ва ё рафтан.
Бо ҳамин ният Ниёз ба телефонхонаи Ғузор рафт...
Се шаб аст, ки мурғи вайронахоҳ-чуғз дар шохи зардолуи бобо нишаста, се бор «чуғ!» мегўяд ва таҳдиди боборо шунида, парида меравад ва садои шумаш аз кадом вайронае меояд. Аз садои ин мурғи бадният мўи бадани бобо мехезад; ошуфта мегардад, ғамгин мешавад, вале чорае андешида наметавонад. Ягона илоҷаш ҳамин ки Ниёзро ба сафар баромадан намемонад ва намегузорад, ки ҷониби Ғузор раҳ сипарад. Вале барои Ниёз рафтан фарз аст.
Вагарна ҳама корҳо нимкора мемонанд ва нақшаҳояш ба амал намеоянд. Бобо хафа, сахт хафа... Се шаб мурғаки шумовоз садо кард ва гум шуд, дигар овозаш намебарояд, аз вайронаҳо ҳам намеояд. Гўё вай хабарашро дод, вазифаашро адо кард ва акнун дар кадом вайронае мунтазири шикастест. «Ман фақат мурданамро намедонам» мегўяд бобо, вале ў аз худ биме надорад, балки бештар ба Ниёз менигарад, ўро огоҳ кардан мехоҳад, то ҳушёр бошад; ба ҳар ваъдаву воиз, гапу ҳарф фирефта нашавад; аз касу нокас худро канор гирад; дўсту душманро фарқ кунад... Агар мурғак як бор ё як шаб садо мекарду мерафт, бобо ин қадар парешон намешуд, ташвиш намекашид. вале се шаб паи ҳам садо кардани он боборо кушт...
— Чашм нарасад, Умар калон шудааст, – мегўяд Ниёз.
— Ҳа, калон шудааст, – тасдиқ мекунад бобо, вале хаёлаш ба дигар чизу ба дигар тараф банд аст.– Ман фақат мурданамро намедонам.– Мегўяд боз.
— Чӣ хел? – ҳайрон монда мепурсад Ниёз, ки чаро бобо ба ҳарфи ў, ки дар хусуои Умар мегўяд, ин хел ҷавоб медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор