Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳамон рўз ҳам набояд туро ба рафтан рухсат медодам. Имрўз аниқ, ки рафтан намегузорам... Худата кушӣ ҳам, намемонам...
Ту медонӣ, ки мурғи шум се шаб паи ҳам «чуғ! гуфт. Ин хабари нек нест.... Ин мурғи баддаҳон ё тобути маро дидан мехоҳад ва ё ягон гапи дигар ҳаст. Забонашро нафаҳмам ҳам... Лекин бо он забоне, ки хонд, ҳама ошноянд. Тамоми мардуми Кўҳистон ин чизро медонанд; медонанд, ки вай хонаҳоро вайрона бинам, мегўяд. Касе, ки ободӣ мехоҳад, ин чуғз муқобили ўст.
Ин ҳарфҳоро бобо надониста гуфт, дар омади гап гуфт, вале дили Ниёзро ба замин резонд. Вай гумон кард, ки дилаш мисли хуни гарм шуввӣ ба замин рехт ва ҳамон лаҳза сард гашта, саҳт шуд, ки дигар ҳаракат намекард.
— ...ба вай вайрона лозим, – идома дод бобо, – ободиҳоро бинад, ғашаш меояд. Барои ҳамин шабонгаҳ ба сари дарахти он боғҳо нишаста мехонад, ки ин мулки обод низ хароб гардад...
— Ин хел бошад, чӣ кор кунем? Ман бояд ба Панҷакату Самарқанд равам, вагарна корҳо нобуд мемонанд...
— Ба ту чӣ лозим ҳамин ташвишҳо? Агар барои худат бошад, як гап, лекин ин корҳоро мекунӣ, роҳаташро дигарон мебинанд ва ё ҳамин коре ки мекунӣ (ба ёрии дигарон бошад ҳам) ба номи ту намебанданд. Ба гуфти худат, кори ширкатҳои хориҷӣ. Магар намедонӣ, ки онҳо ба чӣ мурод ин корҳоро мекунанд? Медонӣ...
— Ба ҳар тариқе ки бошад, ин корҳоро кардан лозим. Мусофир мераваду саргузашташ мемонад...
Бобо рост ба чашми ў нигарист ва суханашро такрор кард:
— Мусофир мераваду саргузашташ мемонад...– ва сар ҷунбонд,
– Рост. Акнун маълум шуд. Ту мехоҳӣ, ки баъди сарат ҳам гўянд, ки Ниёз ин корро кард, он корро кард... Ҳамин хел не?
— Ҳа, – сар ҷунбонд Ниёз.
— Барои чунин ният шоир шудан лозим буд. Бобои Рўдакиамон барин.
— Пас маълум ки дар ҳар замон барои кори хайр касро азоб медодаанд...
— На ҳама... Танҳо касоне мехоҳанд, ки мисли чуғз нияти бад доранд.
— Пас ҳар ки осуда бошад, хонанишин шавад?
— Не, баччем, хонашинӣ кори мардон нест, лекин вақти зарурат хона нишастан ва ё пас гаштан зарар надорад...
...Гўё Ниёз аз рўи зарурат ба сафар баромад. Аз он рўзе, ки мурғи бадхўву вайронанишин дар сари зардолу нишаст, ҳафтае гузашт. Се рўзи хатар гузашт ва акнун ба сафар баромадан мумкин буд. Вале бобо зинҳор мекард, ки ба роҳи Офтобрўя равад ва дар Ғузор пайдо нагардад. Ниёз, ки баъди марги Маликбой ба ин роҳ чандин бор сафар карда, ҳамаро осуда дида буд, боз бо ҳамин роҳ ҳамроҳи ёрони дилпураш равон шуд ва ба Ғузор омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор