Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Женя номаъқул кардас! Ин сими электрик нест, ки одамро кушад, Женя шуморо тарсондааст.
— Ҳамту?
— Ҳамту..
— Ҳар кас ҳар хел медонистааст-дия, – рамуз гирифтанӣ шуда гуфт Ниёз.
— Бале, медонистагии шуморо ман намедонам...
— Ва баракс... Гап намезанад?
— Як мегўяду як не...
— Агар сим канда шудагӣ бошад, ҳамин хел мешавад?
— Ҳа... Не! Вай... Боз як бор бинам.
— Ташвиш накашед, беҳтараш худам меравам. Рўи одам ширин, ҳамон ҷо рафта, гапзанон кунем, беҳтар...
Дар ҳақиқат, рафтан ва ё нарафтани Ниёзро Аҳмадулин намедонад. Вале гумон мекунад, ки рафта будааст. Ва Ниёз ҳам намедонад, ки рафтану нарафтани ў барои Аҳмадулин аҳамият дорад ё не. Лекин медонад, ки бо телефон ин зайл мақом кардани вай бебало не. Ё фармудаи ягон кас аст ва ё барои худаш лозим.
— Агар телефон кор накунад, Панҷакат меравам... Ба онҳо мегўям, ки ягон ҷои сим гирифт кардааст, тафтиш кунанд.– вақти рафтан изҳор дошт Ниёз.
Вале телефончӣ зинҳор кард, ки ин хел гуфта онҳоро ташвиш надиҳад, худаш дуруст мешавад; аз ин чиз ҳам Ниёз сабақ гирифт ва боз чизе нагуфт. Раҳораҳ фикр мекард, ки ин одам чӣ одаме бошад.
Роҳи қадоба тахт шуд. Ниёз нияташро амалӣ кардан мехост.
Барои он ки дар баландии Ховаркўҳ поездча гардад, барои он ки аз он ҷо то Қашқоии Ғузор роҳи ҳавоӣ ояд, чӣ қадар масолеҳ кашондан лозим меомад. Хару аспу ароба ва одамон бояд ин чизҳоро мекашониданд. Вале мутахассисон изҳор доштанд, ки баъзе чизҳои вазнине, ки ба он ҷо бояд баранд, на асп бурда метавонаду на ароба. Ва лозим омад, ки оҳанҳои вазнини чашм надидаро танҳо бо зўри ғажговҳо кашонанд.
Хизматгорони шарокати Англия чунин оҳанҳоро аз куҷо меоранд, ба мардуми ин ҷо норавшан аст, вале чӣ хел онҳоро ба чанаҳо бор карда мебаранд, ҳама мебинанд. Ғажговҳои шимолӣ, ки ба гармии ин кишвар омўхта нестанд, дар танги тирамоҳ ҳам он қадар арақ карданд, ки аз ҳар тори мўяшон об мечакад. Онҳо дар ҳамвориҳои Ғузор, аввали роҳи Киштўд андаке мадор доштанд ва чанаро ба осонӣ мекашиданд, вале дар роҳи каҷокилеби қадобаи Кўҳак дилаку забонак зада монданд. Ғажговҳоро аз чанаҳо раҳо карданд, то каме дам гиранд. Ҷонварони безабон худро сўи об зада, ба ҷои он ки об хўрда ташнагиашонро шикананд, даруни рўд даромада, дар ҳавзаҳои на чандон чуқур тап-тап хоб мерафтанд, то тасфи баданашон бартараф шавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор