Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Магар бобо ҳама андешаҳои аз сари Абдуллобой гузаштаро пай мебурд ва ё касе дар дилаш меандохт, ки на тори кат нишаста метавонист, на сари дастархон қарор дошт, на хоби бароҳат ва на намози ҳалол. Шаҳидак, ҳама кораш шаҳидак, нимкора. Назди Абдуллобой рафта тафсири воқеаро шунидан мумкин, лекин намеравад. Медонад, ки воқеа ба ҳар навъ сурат гирад, Абдуллобой ба фоидаи Маликбой ҳал мекунад ва Ниёзро маҳкум месозад, ки нархи сабзиву пиёзро напурсида, чунон марди мўътабарро куштааст.
Ин аз як лаби даҳони ў мебарояд ва чунон гапро майда карда ба бобо мефаҳмонад ва боборо чунон мот мекунад, ки ў розӣ мешавад ин зайл фарзанди «нохалафи» инсонро худаш ба дор кашад. Боз «хун ба хун» хуни Маликбойро мегирем, мегўяд.
— «Марҳабо!» гўшҳои бобо садо медиҳанд, вале ў намедонад, ки айнан дар ҳамин лаҳза Ниёз ҳамин чизро такрор мекунад:
«Марҳабо! Марҳабо!»
...Ниёз бо роҳи Офтобрўя нарафт, балки дастае, дастаи боэътимод ташкил карда, ба ҳамон роҳе, ки борҳо рафта омада буд, сафар кард. Як бор рафт, як ҳафта рафт, як моҳ рафт, як сол рафт ва ҳеҷ хатар надид. Агар ҳар бор то Ғузор дар паноҳу ҳимояи ёронаш равад, аз Ғузор он тараф ёру мададгораш отряди казакон буд. Вале ҳеҷ гоҳ суханони бобояш аз ёд намерафт: «ғузориҳо, алалхусус барлосҳо сад сол гузарад ҳам қасдашонро мегиранд.»
...Дар ин миён ба Женяи бегуноҳ таҳдиди зиёде карда, аз ин ҷо рондаанд. Ба ҷояш як марди сурхинарўе омадааст, ки ба зан монанд аст ва номашро Аҳмадулин мегўянд. Ғузориҳо чунин одаму чунин шаклро писандидаанд. Лекин барои Ниёз торик, ки онҳо барои чӣ ин марди телпакдори зардинамўи сурхрўйро хуш карда бошанд. Ниёз чандин бор ба Панҷакату Самарқанд рафта, бо ширкатҳои хориҷӣ маслиҳат кард, ширкатнома баст, ки ба Ғузор роҳи оҳан оранд ва аз Ховаркўҳ то Кашқоии Ғузор роҳи ҳавоӣ созанд. Барои чунин корҳоро буд кардан Ниёз ё ба он ҷо бояд биравад ва ё ба воситаи телефон гуфту шунид кунад. Вале ҳар боре, ки ба телефонхона медарояд, он марди сурхрўй ўро хуш қабул мекунад, суханони хуб мегўяд ва бисёр мекўшад, ки ба Ниёз ёрӣ расонад, аммо ҳеҷ гуфтугўи Ниёз баргузор намешавад. Меояд, меистад-меистаду меравад. Даври Женя ин хел набуд. Ниёз тез гуфтугў мекард ва Женяву телефонро ҳоҷатбарор дониста хушҳол баромада мерафт... «Аҳ сабил мон!.. Як гирифту боз гум шуд...»
мегўяд Аҳмадулин. «Ё симҳоро бурида бошанд?» барои озмуд мепурсид Ниёз. «Шояд ҳамин хел дам бошад...»
— Женя мудом мегуфт, ки ба ин симҳо расидан мумкин не, касро сип-сиёҳ сўзонда мекушад. Мардуми ин ҷо ин чизро медонанд, барои ҳамин ба симҳо намерасанд....

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор