Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабзина ба шир гули орд зада атола пухта овард, бобо шулла гуфта буд, ў атола овард; «атола гарм, ҳам безарар» гуфта паҳлўи болини Ниёз нишаст, ки атоларо хўронад. Ширбадан аз бобо шарм карда ба Ниёз наздик намешавад; вақти набудани бобо сари болинаш нишаста буд, парешонии боборо ба Ниёз гуфта хоҳиш кард, ки зудтар ўро даъват карда саломат будани худро гўяд ки...
вагарна бобо дилу ҷигарашро мехўрад.
Ниёз як гардан тофта ба Ширбадан нигарист, бобою Сабзина ин рафторро диданд, барои ҳамин Ширбадан шарм карда боз сар ба зер афканда ва акнун мехост, ки косаро аз дасти Сабзина гирифта ба шавҳараш атола хўронад, вале Сабзина косаро ба Ниёз оварда пурсид, ки ҳамин хел оҳиста-оҳиста бо чумча ба даҳонаш резад ё каме ковок мешавад.
— Маро бемор гумон кардед, оча? Ё кўдаки гулахўр?
— Ту барои ман ҳама вақт кўдаки гулахўр ҳастӣ, баччем, – гуфт Сабзина ва табассум кард.
Ниёз талвосаи хестан кард, вале ҳис кард, ки бемадор метобад ва ба Ширбадан нигарист, ки мадад кунад. Ширбадан аз тахтапушти ў бардоштанӣ шуда даст даровард ва зўри бардоштан зад.
Ва пай бурд, ки агар худи Ниёз ҷуссаашро набардорад, зўри ў намерасад. Сабзина низ мадад кард, ки Ниёз ковок шуд, ба пушташ болишт гузоштанд ва ў атоларо на бо чумча хўрд, балки лабкаш кард. Бобо аз ин рафтори ў шод шуд, ки сиҳат будааст, зеро тан ба дард бошад, иштиҳо ҳам мебандад.
— Худоро шукр, – гуфта аз дар баромад ва дар лаби ў табассум дида вақти шарикони Ниёз хуш шуд...
...Бобои Наврўз сабаби бемории Ниёзро фаҳмида сахт хафа шуд, вале ба ў чизе нагуфт. Хафагии ў на аз он, ки Ниёз сирро пинҳон дошта, сабаби бемориашро тасодуфӣ гуфт, балки ношод аз он аст, ки пеши роҳи Ниёз баста шуд, дигар ў аз Ғузор гузар карда наметавонад ва дар ҳар хамгашту паноҳгоҳҳо хавфу хатар таҳдид карданаш аз эҳтимол дур нест. Бобо дар ин боб андешаи зиёд мекунад, тадбир меҷўяд. Аҷобати кор дар он, ки ғузориҳо мардуми Неконро ба ҷаноза хабар накарданд. Абдуллобой чӣ хел ба ин ҷаноза рафтааст, касе намедонад. Хабари марги Маликбой баъди аз ҷаноза баргаштани Абдуллобой ба бобо расидааст...
Абдуллобой ин хабарро ба некӣ паҳн накардааст, балки барқасд
– барои Ниёзро бадном кардан. Баробари шунидани хабари марги Маликбой на танҳо миёни абрўвони Абдуллобой чин зад, балки дар дил гиреҳи азим баст; лаб газид, ангушт фишурд, чашмонаш кўрмуш шуданд, сараш ба таъкиду таҳдид ҷунбид... пеш аз паи Маликбойро гирифтан Ниёзро каллапарид кардан мехост. Абдуллобой сахт барошуфта буд, миёни лабу дандон ба худ мегуфт, ки чӣ кас будани ин ятими думовардро намедонистааст...

пешина
аз 279
навбатӣ