Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегўяд.
Ба забон наояд ҳам, нигоҳаш мегўяд, калла ҷунбонданҳояш мегўяд.
Онҳо ин чизро яқин мекунанд, барои ҳамин мехоҳанд, ки Ниёз хоб накарда зудтар хезад, ҳамроҳи онҳо нишинад, то дили бобо пур шавад. «Чӣ хел аҳволи Мирзониёз?» ҳар бори ягон чиз овардани Сабзина мепурсанд онҳо. Вале Сабзина сар меҷунбонаду меравад.
Боз гулўи ёрон тангтар ва дилашон фишурдатар мегардад.
Бобо паҳлўи бистари Ниёз дер нишаст. Ширбадан ҳам баъди даромадан дигар аз ҷой намеҷунбид. Мегирист. Ҳарчанд бобо бесадо имою ишора мекард, ки Ширбадан бо ҳиқ-ҳиқи худ Ниёзро парешонавзоъ нагардонад, намешуд. Ширбадан худдорӣ карда наметавонист ва чунин рафтори ў боборо ба ғазаб меовард. Бобо маҷбур шуд, ки ўро «берун баро» гўяд. Ширбадан даст ба сари сина гузошт, ки дигар садо намебарорад, Бобо низ осуда гашт, ки Ниёзро хоб бурд ва арақ карда ба худ меояд.
— Ха-айр, – пои дигарашро ҳам болои кат бардошта гуфт бобо, – Наҷунбед-наҷунбед, шинед... хаайр, шумо ҳамон ҷо будеду надидед, ки чӣ шуд... Чаро нон намешиканед, марҳамат, нон гиретон, – нонро пора карда, рўи дастархон гузошта, хоҳиш мекард бобо.– Худ аз худ ҳамин хел шуд-а? Ё ягон кас тарсонд?.. Не.
ҳамин хел не? Шумо сирри ёратона намегўед, аммо ман медонам, ки дунё тинҷӣ не, шумо аз ин дарвоза набаромада медонистам, дунё ноором аст...
Онҳо чӣ гуфтанро намедонистанд, ба якдигар менигаристанд, ки шояд ман нею ту гўӣ, вале касе ҷуръат намекард: ё ба ҳурмати Ниёз ё барои маҳкамии даҳони худ ҳамин корро мекарданд.
— Ташвиш накашед, бобо, ҳеҷ гап не, – худро аз ҳама наздик гирифта гуфт Раҷаб.– Аз рўи шунидамон ё бо Аҳмадбойи ғузорӣ гапашон гурехтааст ва ё ў Мирзониёзро дашном додааст. Гапи беҳуда, Мирзониёз ба ин чизҳо аҳамият намедиҳад, ҳамту тобаш нашуд, раҳораҳ хиш-хиши алошақшақро мегуфту бим мекашид.
Бобо «ҳа, мани пирро фиреб кунед» мегуфтагӣ барин сар меҷунбонд.
— Бобо, додом шумоя мепурсанд, – аз дар баромада садо дод Умар ва зуд баргашта даромад.
Бобо лағжида ба лаби кат омад ва пойҳояшро нишеб карда кавшашро пўшид, сонӣ тез ҷониби хонаи Ниёз хобида рафт.
— Чӣ гап, баччем? – аз дар сар халонда пурсид ў. Ниёз кўрпаи рўро дуртар тела дода «дамам гашт» гуфт ва ба бобо рў овард:
«Гарм шудам бобо, устухонам аз ларзиш монд» гуфт ва гўё ки бобо гаппурсӣ омада бошад, суханашро идома дод: – Кор мурд, Самарқанд рафта нашуд, кор боз қафо монд, ба Власов ҳам телефон накардам.

пешина
аз 279
навбатӣ