Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳеҷ чиз, – хандида гуфт ў.
— Чаро аз роҳи сафар гаштӣ?
— Ҳамин хел баданам хунук хурдан гирифт, баргаштанро салоҳ дидем.
Бобо сар афшонд:
— Не-е, беҳуда ту намегардӣ... А, Раҷаб! Ҳама ҷо осудагӣ?
— Осудагӣ, бобо... Мирзониёз хунук хурдааст...
— Агар натарсида бошад, – бовар намекард бобо. Раҷаб ба саволи бобо ҷавоб надод ва ба Ниёз нигарист: Шуд! – гуфт бобо,
– Ўро хобондан лозим... Сабзина, дар хона ҷогаҳ андоз... Мастобаи тунд бикун... Равғанӣ нате... Шумо рўи кат марҳамат бикунед,
– ба ҳамроҳони Ниёз гуфт бобо.
Онҳо сухани боборо накуштанд. Ширбадан зуд ҷогаҳи боборо ғундошт ва рўи кат кўрпача партофта, ҷой тахт кард, ки меҳмонон бароянд. Дили бобо тоқат накарда назди Ниёз даромад ва хоҳиш кард, ки рости ҳодисаро гўяд. «Ҳеҷ кор нашудааст...»
— Не, – сар ҷунбонд бобо, – дурўғ нагў, билло ягон ҳодиса шудагӣ. Маро бало назадааст, лекин ман аз хиш-хиши аккаи шумхабар бим кашида, баданам вараҷа кард... Гуфтам ба ту, нарав, гуфтам... Ман медонистам, ки ягон бало мешавад... Қасди ҷонат карданд. Мирзониёз?
Ниёз гўё ки сухани боборо нашунида бошад, хомўш монд.
— Дидӣ, гуфтам ба ту... Ман мурданамро намедонам, намедонам, ки кай мемурам, дигар ҳамааш пешакӣ ба ман аён мешавад.
Ҳоло ҳам балои бахайр гузаштааст, ки саломат баргаштӣ...
— Натарсед, бобо, ягон кор нашудааст...
— Ту мегўӣ, медонам барои чӣ мегўӣ... барои дили ман шуда, Ширбадан нафаҳмад, гуфта ҳамин хел мегўи, лекин офтобро ба домон пўшида намешавад. Ту нагўӣ, як каси дигар мегўяд... Шумо бароед, ба меҳмонон дастархон бароред, – Сабзинаю Ширбаданро ронданӣ шуд бобо. Ва ҳамин вақт аз дар Умар даромад. «Додот хунук хўрдааст, баччем» пешгирӣ мекардагӣ барин гуфт бобо.
Вале Умар бовар накардагӣ барин дурудароз ба падараш нигоҳ кард. Ниёз низ аз ў чашм намеканд ва барои дили писар шуда табассум кард.
Бобо фаромўш карда буд, ки бемор аст. То алвақт гумон мекард, ки хиш-хиши акка ба сари ў бало меоварад, вале Ниёзро дар чунин ҳол дида пурғусса шуд, ки бобои пир истода, набераи ҷавон аз дунё гузарад, аз рўи адолати илоҳӣ ҳам нест. Бе ҳамин ҳам Ниёз аз дунё хушие надидааст.
Ёрони Ниёз рўи кат, гирди дастархон нишаста бошанд ҳам, аз гулўяшон об намегузашт. Онҳо медонанд, ки ба Ниёз осебе нарасидааст, аз ҳаяҷон ва андаке аз ҳарос ҳам будагист, ки ба ин ҳол афтодааст, онҳо аз сиёсат ва ғазаби бешўри бобо метарсанд, ки таънаашон мезанад; таъна мезанад, ки ҷавонмард ном доред, ёратонро амон дошта натавонистед, як даллаи сурхинамўй ўро фирефта дар хонааш кўрдуд андохт ва шумо тамошо кардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор