Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Женя, ту ба командир фаҳмон, ки меҳмони киштўдиҳо мешаванд... – аз ларзиши бадан сухан карда натавониста бо имову ишора пурсид Ниёз.
Женя ба командир сухани Ниёзро гуфт. Командир табассум карда фаҳмонд, ки ҳозир натавонанд ҳам, як рўз албатта мераванд.
Ниёз барои хизмат, барои мадади ногаҳонӣ ва ҷони ўро халос карданашон ба командир ва дастаи ў хеле миннатдорӣ кард ва гуфт, ки насиб бошад, ҳамдидор мешаванд..., Ниёз мехост кўрпаву болишт карда ва дам андохта, сарашро сахт баста ва печонда чунон хоб кунад, ки устухони бадани ларзонаш гарм шавад. Вале дар ин мулки барои ў ошнову ноошно ба ҷуз хонаи Маликбой «маҳрамхонае» набуд, ки бемалол сар мехалонида бошад. Ба кӣ гўяд ин хоҳишашро? Ёронаш низ аз мулки худашон ва дар ин мулк касе нест, ки ўро ба хонааш бурда, осуда гардонад. Женя дониста ва ё надониста ба ў гуфт, ки ба телефонхона даромада дам гирад; то осуда шудан биистад, сонӣ равад, мешавад. Вале Ниёз розӣ нашуд: ин соату ин лаҳза дар ин макон мондани ў хуб нест..
Ўро чанд чакман пўшониданд. Бар асп нишонданд. «Мирзониёз, болои асп истода метавонед?» пурсиданд аз ў. «Ҳа» сар ҷунбонд ва аспи ўро миёнагир карда ба роҳ даромаданд. Миёнбур ба роҳи Ҷавпая уреб шуданд. Раҷабу Яъқуб ҳар гаҳ гумон мекарданд, ки ў аз пушти зин мепаррад. Даст дароз карда доштанӣ мешуданд ва гўё Саманди рамузфаҳм каҷ шудани борашро пай бурда, чунон миёнашро медуздонд, ки Ниёз боз ба майли аввал мегашт. «Мирзониёз, гарм шудед?» пурсиданд ёрон. «Ҳа» сар ҷунбонд Ниёз. Ва онҳо ба манзил расиданд.
...Ниёз аз асп фаромада натавонист. Ўро оғўш карда фароварданд. Пояш вазнашро намебардошт. Пояш «кунда» шуда буд:
гармиро ҳис намекард. Гумонаш, ки дар пойҳояш шишарезаҳои зиёдеро ҷой карда бошанд, мехалиду биҷиррос мекард. Аз ду тараф дошта, ба дарвозахона бурданд. Бобои Наврўз магар омадани онҳоро хоб дида будааст, ки баробари аз дарвоза ворид гаштан кўрпа аз рўй дур андохта сари по шуд. «Воҳ, хонем сўхт!
Ин чӣ рўзе буд?» ва садои ўро шунида Ширбадану Сабзина аз хона тозои баромаданд ва Ширбадан баробари дидани Ниёз ангушт ба даҳон бурда, аз ҳайрату ҳаяҷон шах шуд. Ниёз ҳолати ў, безобитагии Сабзина ва фарёду ҷонталвосагии боборо дида хандид. «На-на-тарсед, по-поям хоб кардааст» гуфт ў вале дар овозаш ларзидани баданаш пай бурда мешуд. Пирамард, дарди бадан ва ларзишу хунук хўрданашро фаромўш карда, дар ғами ҷони набера афтод.
— Чӣ шуд, Мирзониёз? – сару рўи ўро дастмол карда пурсид бобо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор